ВидеоТоҷикистонҶомеа

ХАБАРИ ФАВРӢ! ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОН ДАР ЯК ЗАНОЗАНИИ ХУНИН ДАР ПАНҶАКЕНТ

Рӯзи 26 декабр дар ҷараёни як занозании хунини байни ду гуруҳи ҷавонон дар паҳлуи мактаби №15 дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон се нафар аз захми корд ба ҳалокат расидаанд.  Ду нафар дар ҷои ҳодиса ва якеи дигар дар бемористон ҷон додаанд. Бино ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, ду нафар аз кушташудаҳо акаву додар будаанд. Мақомоти милитсияи Панҷакент мегӯянд, ҳамаи иштирокчиёни  боқимондаи ин занозаниро муайян ва дастгир кардаанд.

Сабаби занозании хунин маълум нест. Гуфта мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон, асосан донишҷӯён дар назди мактаби №15 бо ҳамдигар муноқиша кардаанд. “Разбор” байни онҳо ба занозанӣ печидааст ва тарафҳо бо мушту лагат ва предметҳои дигар қаноат накарда, даст ба корд ҳам бурдаанд. Ҳар се нафари кушташуда аз зарби корд ҷон додаанд.

Баъди чунин ранг гирифтани кор, иштирокчиёни боқимондаи занозанӣ, ки гуфта мешавад, ҳудуди 10 нафар будаанд, фирор карда, ба деҳаҳои худ рафтаанд. Вале кормандони милитсия тавонистаанд яке аз онҳоро дастгир карда, тавассути бозҷӯии ӯ шахсияти иштирокчиёни боқимондаро ҳам муайян ва онҳоро аз деҳаҳояшон дастгир карда, боз ба Панҷакент биоранд.

Бино ба маълумоти расман тасдиқношуда, иштирокчиёни занозании хунин аз Фароб, Моғиён, Суғдиён ва Косатарош будаанд. Бино ба маълумоти низ расман тасдиқношуда, нафари сеюме, ки дар бемористон ҷон дод, низ аз Моғиён будааст.

Идораи “Бомдод” ин қазияро пайгирӣ мекунад ва баробари ба даст расидани ҷузъиёти нав шуморо дар ҷараён хоҳем гузошт.

Мактаби №15 шаҳри Панҷакент
Шаҳрдории Панҷакент

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button