ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ САНГБОРОНУ БОЗ ТИРБОРОН… МУНОҚИШАИ НАВ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз муноқишаҳои нав дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон, аз ҷумла аз сангпартоиву тирпарронӣ дар марз хабар дод.

Бино ба иттилои марзбонони қирғиз, шаби 25 декабр, соати 19:40, дар қитъаи роҳи Ӯш – Бодканд – Исфана  дар мавзеи Экӣ-Тоши деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд 3-4 шаҳрванди Тоҷикистон 4 мошини шаҳрвандони Қирғизистонро сангборон кардаанд, ки дар натиҷа, мошинҳо осеби гуногун дида, вале касе аз шаҳрвандон осеб надидааст.

 “Сардори дидбонгоҳи Кӯктош ба ҷои ҳодиса омада, ба ҳаво 3 тири огоҳкунанда парронд ва баъди ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба даруни қаламрави он кишвар фирор карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Бино ба ин манбаъ, баъди ин ҳодиса мулоқоти сардорони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ доир шуда, дар ин қисмати марз дидбонҳои иловагӣ гузоштаанд.  “Ҷониби Тоҷикистон хабар дод, ки афроди дастдошта дар ин ҳодиса ҷустуҷӯӣ карда мешаванд”, – хабар медиҳанд марзбонони қирғиз.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳамчунин хабар дод, ки гӯё рӯзи 25 декабр,  тақрибан соати 14:30 марзбонони тоҷик дар  посгоҳи худ дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар рӯбарӯи мавзеи Сойи ноҳияи Лайлак миномёт гузоштаанд ва дар ҳудуди Тоҷикистон дар рӯбарӯи деҳаҳои қирғизнишини Дамба ва Мақсат афзоиши шумори нирӯҳои низомии Тоҷикистон ба назар мерасад.

Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон то ҳол ин ду хабарро шарҳ надодаанд. Қаблан, рӯзи 24 декабр марзбонони тоҷик дар як изҳороти вижа гуфтанд, ки  “вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд.”

Марзбонони қирғиз дар ин ҳафта марзбонони тоҷикро ба тирандозӣ ба сӯи мошини КАМАЗ таҳти идораи як шаҳрванди Қирғизистон айбдор карданд. Марзбонони тоҷик дар изҳороти худ он ронандаро ба кӯшиши қочоқи сӯзишворӣ айбдор карда, ба навбати худ аз тирборон шудани хонаи як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз сӯи сокинони деҳаи Майскийи Қирғизистон ва боздошти 4 марзбони қирғиз дар пайи убури ғайриқонунии марз дар ҳудуди мавзеи Чашмаи ноҳияи Лахш хабар доданд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button