ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

БАРФИ САХТ ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ЧАНОҚ (ВИДЕО+20 АКС)

Рӯзи 26 декабр бар асари барфрезии зиёд ҳаракат тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанок, ягона роҳи заминии байни шимол ва қисматҳои боқимондаи Тоҷикистон, хеле мушкил шудааст.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро дар даст дорад, ронандагонро ҳушдор дод, ки бориши барф дар аксар қитъаҳои роҳ  то рафт шиддат гирифта истодааст ва аз ин рӯ, ронандагонро лозим аст, ки ба ҳолати техникии автомобилҳояшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз ҷумла ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар чунин обуҳаво бо худ доштани занҷир ба манфиати кор аст.

Журналист Шервони Умриддин, ки дар ин рӯз азми сафар кардааст, низ бо нашри чанд видео аз ронандагон хостааст, ки хеле эҳтиёт кунанд, чунки ҳаракат аз тариқи шоҳроҳи мошингарди Хуҷанд – Душанбе бениҳоят вазнин аст. “Барфи бошиддат борида истодааст. Ҳатто бо занҷир мошинҳо азоб кашида истодаанд”,  – навиштааст Шервони Умриддин.

Ҳавошиносон қаблан хабар дода буданд, ки рӯзҳои 26 ва 27 декабр ҳаво дар Тоҷикистон хеле сард шуда, аввал борон ва сипас барф меборад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон хоста буд, ки дар ин рӯзҳои пурбориш аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурати оҷил аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳистон худдорӣ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button