АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

4 ВИДЕО: ЭЪТИРОЗИ СОКИНОНИ ПАНҶШЕР БА ЗИДДИ ТОЛИБОН

Рӯзи 26 декабр дар пайи қатли як сокини минтақаи Анобаи вилояти Панҷшер даҳҳо нафар аз сокинони ин вилоят тобути он ҷавони кушташуда дар рӯи дастонашон аввал дар Аноба тазоҳурот карда ва сипас бо талаби пайдо кардан ва ба ҷавобгарӣ кашондани омилони ин сокини 24-солаи Аноба дар назди бинои дафтари волии Панҷшер дар шаҳраки Баҳорак гирди ҳам омаданд.  Хабаргузории “Омоҷ Нюз” (Aamaj News), ки хабарнигораш аз маҳалли тазоҳурот чанд видео нашр кард,  хабар дод, ки эътирозгарон бо нидои “Марг ба Толибон!”, “Марг ба зархаридони Покистон” ва “Зинда бод Аҳмади Масъуд” шиор мезаданд.

Ҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи амнияти вилояти Панҷшер ба назди тазоҳургарон баромада, ваъда додааст, ки қазияи марги ин сокини Аноба, ки гуфта мешавад, Назир ном доштааст, таҳқиқ хоҳад шуд.  Вале тазоҳургарон Ҳамиди Хуросониро, ки худ аз аҳли Панҷшер аст, вале аз Толибон пуштибонӣ мекунад, бо шиори “Марг ба хоинон!” “пешвоз” гирифтаанд.

Дар охирин видеои “Омоҷ Нюз” аз маҳалли тазоҳурот дида мешавад, ки Баҳоракро алакай пардаи торикии шаб пӯшондааст, вале тазоҳурот ҳамчунон идома дорад.

Панҷшер охирин вилояти Афғонистон буд, ки марказаш бо манотиқи водии ин вилоят танҳо дар аввали моҳи сентябр ба дасти ҳаракати тундрави Толибон суқут кард. 33 вилояти дигари Афғонистонро ҷангҷӯёни Толибон дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ва НАТО ҳанӯз дар нимаи аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ 10 рӯз тасарруф карданд.

Эътирози рӯзи 26 декабр нахустин эътирози мардумӣ дар Панҷшер ба зидди султаи Толибон аст. Нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, ки муҳраи асосиашро панҷшериҳо ташкил медиҳанд, дар дараҳои кӯҳистонии ин вилоят сангар гирифта, ба муқовимати мусаллаҳона ба зидди Толибон идома медиҳанд, вале сокинони осоишта бори аввал ба зидди Толибон ба майдон рехтанд.

https://youtu.be/eOMx6CGYbss https://www.facebook.com/AamajNews/videos/339963984629495/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button