ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НОМИ СУҒДИИ ШАҲРИ ИСФАНАРО БА РАЗЗОҚОВ ИВАЗ КАРДАНИАНД

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 25 декабр дар ҷаласаи ҳукумат изҳор дошт, ки мехоҳад ба муносибати 110-солагии роҳбари собиқи ин кишвар Исҳоқ Раззоқов шаҳри Исфана, маркази маъмурии ноҳияи бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Лайлаки вилояти Бодкандро, ки номаш решаҳои суғдӣ дорад, ба номи Раззоқов  гузорад.

“Ман хабареро бояд ба шумо бигӯям. Соли гузашта ман корзори интихоботиамро дар Бодканд, дар зодгоҳи Раззоқов сар карда будам. Имсол ба шарафи 110-солагии Раззоқов ман тасмим гирифтам, ки шаҳри Исфанаро шаҳри Раззоқов номгузорӣ кунам”, – гуфтааст Ҷабборов.

Исҳоқ Раззоқов 25 октябри соли 1910 дар ноҳияи Лайлак ба дунё омадаааст. Ӯ аз соли 1945 то 1950 раиси Шӯрои вазирон ва аз соли 1950 то 1961 котиби якуми ҳизби коммунисти Қирғизистон ва амалан раҳбари якуми ин ҷумҳурӣ буд. Раззоқовро соли 1961  тақрибан дар як вақт бо раҳбари вақти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев “барои роҳ додан ба хатоҳо ва кмбудиҳои бузург дар роҳбарии ҷумҳурӣ” аз мақом барканор карданд ва ӯ соли 1979 дар Маскав аз олам чашм пӯшид. Турбати Раззоқовро соли 2000 ба Қирғизистон оварда, дар оромгоҳи Ало Арча аз нав ба хок супурданд.

Исфана  як шаҳри хурдест, ки дар қисмати ғарбии вилояти Бодканд дар ҷануби Қирғизистон ва ҷануби водии Фарғона, дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Дар Исфана 18 ҳазор нафар ва бо иловаи деҳоти атрофаш Мирзо Почо, Самад, Чимген, Тайлон, Оқбулоқ ва Гулбӯ 28 ҳазор нафар ба сар мебаранд.

Исфана дар даврони Шӯрави мақоми ҷамоатро дошт. Соли 2001 бо фармони президенти вақти Қирғизистон Аскар Оқоев ба Исфана мақоми шаҳр дода шуд.

Бовар меравад, ки водаи «исфана»  аз вожаи суғдии «асбаникат», «асбаникент» ё «аспанакент» гирифта шуда, маънояш “сарзамини аспҳо” аст. Таърихшиноси тоҷик Нӯъмон Неъматов навиштааст, ки Исфана дар асрҳои 1-9 Асбаникат ном дошт. Дар асрҳои 10-12 ин мавзеъро Аспаникент ном мебурдаанд. Баъдҳо номи он ба тадриҷ чанд дафъа иваз шуд: Асбани, Аспана, Асвона, Исвона ва дар ниҳоят Исфана.

Азбаски вожаи ”исфана” қирғизӣ нест, вақтҳои охир дар Қирғизистон пешниҳод мекарданд, ки номи он иваз карда шавад. Яке аз пешниҳодҳои умда ба номи Раззоқов гузоштани Исфана буд. Фурудгоҳи Исфана алакай ба номи Раззоқов гузошта шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button