ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ТОҶИКИСТОН ҚИРҒИЗИСТОНРО БА “АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗОНА” АЙБДОР КАРД

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 декабр дар як изҳороти вижа, ки тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, гуфт, “вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд.”

Бино ба маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2021, тахминан соати 13:50, дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мошини тамғаи «Опел» бо рақами давлатии Қирғизистон 50-49 D ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид.

“Муайян карда шуд, ки дар мошин 4 нафар марзбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд.  Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд.Сарҳадбонони қирғиз бо назардошти талаботи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ба қаламрави Қирғизистон баргардонида шуданд”, – гуфта мешавад дар баёнияи марзбонони тоҷик.

Инчунин, меафзояд маркази матбуоти Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2021, тахминан соати 14:10, дар ҳудуди шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон сабт гардидааст.

“Тавре маълум шуд, мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад.

Бо мақсади нигоҳ доштани нақлиёти вайронкунандаи қоида марзбонони Тоҷикистон ишораи боздошт кардаанд. Аммо ронанда ба талаби марзбонони тоҷик эътибор надода, суръати мошинро афзоиш дода, хостааст марзбононро пахш кунад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда мошин боздошта шуд. Ҳангоми боздошт ронандаи мошин осеб надидааст”, – омадааст дар баёния.

Ёдовар мешавем, қаблан хадамоти марзбонии Қирғизистон марзбонони тоҷикро гунаҳкор карда буд, ки мошини КАМАЗ, таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Б.М.ро дар ҳудуди Қирғизистон дар роҳи Мақсад – Жаштиқ нигоҳ дошта, мехостанд зӯран ба қаламрави Тоҷикистон баранд ва вақте ронанда аз дасти онҳо фирор кардааст, ба тарафи мошинаш тир кушодаанд.

Бино ба маълумоти марзбонони тоҷик, илова бар ин,  шаби 22 декабри соли 2021, тахминан соати 23:00 аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тирандозӣ сурат гирифтааст. Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шудааст. Дар натиҷа тирезаҳои хонаи як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб дидаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  Тоҷикистон гуфт, водаста баҳамаи ҳодисаҳои сарҳадии зикршуда дар сатҳи намояндагони марзбонии ҷонибҳо мулоқотҳои корӣ баргузор мешаванд.

Қаблан Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара хабар дод, ки шаби 22 декабр, хонаи истиқоматии сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ Довудов Муҳаммадҷон мавриди тирпарронӣ карор гирифт. Дар натиҷа оинаҳои тирезаҳои хонаи Довудов шикаста, тир то ба ҷойи хоб расида ва деворҳои хона ҳам бархӯрдааст.

Деҳаи Сомониён дар марз бо деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ яке аз доғтарин нуқтаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор меравад.

 “Довудов Муҳаммадҷон ин дафъаи чандум аст, ки аз тарафи қирғизҳо азият мебинад ва ба молу амволаш зарар мерасад. Тахминан ду ҳафта пештар низ якчанд моли калони шохдори ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қирғизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолати дигарон говҳо баргардонида шуданд”, – навиштааст Шомадов. Ӯ ҳамҷунин ёдовар шуд, ки дар муноқишаи моҳи апрели соли равон низ хонаи ин сокини Сомониён аз тарафи сокинони деҳаи Кӯктош пурра оташ зада шуда буд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button