ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ТАНҲО ДАР САХАРОВО 136 ТОҶИК ДАР ИНТИЗОРИ ДЕПОРТАТСИЯ АЗ РУСИЯ БУДААНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки танҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахарово дар канори шаҳри Маскав 136 шаҳрванди тоҷик дар интизори ихроҷ ба Тоҷикистон қарор доштаанд. Ин рӯзи 22 декабр дар ҷараёни боздиди консули сафорати Тоҷикистон аз ин боздоштгоҳ маълум шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки консул дар ҷараёни ин боздид бо ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он муассиса шинос гардида, бо роҳбари боздоштгоҳ Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор додааст.

“Ҳамчунин кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд. Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 136 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 133 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорат.

Кормандони сафорат зимни боздид ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ, либос ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз низ тақдим кардаанд.

Бино ба хабарҳо, баъди онки додгоҳи минтақаи Останкинои шаҳри Маскав ҳукми ихроҷи размандаи шинохтаи зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиевро содир кард, ӯро ҳам дар боздоштгоҳи Сахарово ҷой кардаанд. Аммо дар ин бора, ки оё консул ё кормандони сафорати Тоҷикистон зимни боздидашон аз ин муассиса бо Чоршанбе Чоршанбиев низ мулоқот кардаанд ё на?, дар иттилоияи сафорат чизе гуфта намешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button