ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

НОМ БА НОМ: РУСИЯ 13 КАС, АЗ ҶУМЛА 2 КАССИРИ “АМОНАТБОНК” ВА МЕНЕҶЕРИ “ВАВИЛОН”-РО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Додситонии кулли Русия рӯзи 24 декабр хабар дод, ки 13 нафарро ба мақомоти Тоҷикистон супурдааст. Ин афроде будаанд, ки дар Тоҷикистон ба зидди онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст, вале онҳо аз ҷавобгарӣ ба Русия фирор карда, дар инҷо дастгир шуданд.  Додситонии кулли Русия гуфт, ки ҳамаи ин 13 нафар бо риояи меъёрҳои амниятӣ баъди ҳукми қонунӣ гирифтани ҳукми истирдодашон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуданд.

Дар байни 13 нафари истирдодшуда аз ҷумла ду кассири собиқи “Амонатбонк” Раҳматулло Холов ва Зулфия Зайдуллоева, менеҷери собиқи ширкати мобили “Вавилон-М” Насиба Ҷалилова, роҳбари собиқи корхонаи “Суғд Роҳ” Муҳаммадраҳим Азимзода, старшинаи қӯшунҳои марзбонӣ Давлатмурод Ғафуров,  ҳамчунин 4 нафари муттаҳам ба фиреб додани шаҳрвандон ва 4 “наркобарон” ҳастанд.

Додситонии кулли Русия рӯйхатти ин 13 нафари ба Тоҷикистон истирдодшударо пурра нашр кард:

  1. Рахматулло Холов ба он айбдор мешавад, ки аз моҳи январ то декабри соли 2016 ба ҳайси кассири филиали №15 “Амонатбонк” кор карда, бо роҳи аз худ кардани маблағҳо ба ин бонк ба маблағи 174 084 сомонӣ ва 19 400 доллари Амрико зарар расондааст.
  2. Зулфия Зайдуллоева ба он айбдор мешавад, ки  ба ҳайси кассири ҳамин “Амонатбонк” дар солҳои 2015–2016 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо  бидуни хабар додани шаҳрвандон ба номи онҳо ба маблағи 1 миллиону 102 ҳазору 408 сомонӣ қарзи бонкӣ “туғрӣ” карда, ин маблағҳоро аз худ карда, ба манфиати худаш сарф кардааст.
  3. Муҳаммадраҳим Азимзода ба он айбдор мешавад, ки ҳамчун мудири ҷамъияти “”Суғд-Роҳ» аз “Амонатбонк” бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо гӯё барои мумфарш кардани роҳҳо ва харидани сӯзишворӣ 2,9 миллион сомонӣ қарз гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст.
  4. Баҳодур Девонақулов  ба он айбдор мешавад, ки бо шарикаш моҳи марти соли 2020 беш аз 70 кило ҳашишу афюнва метамфетамин харидаанд, вале ин миқдори бузурги маводи мухаддирро ба сабаби як рӯз баъд дастгир шудани шарикаш ба фурӯш бароварда натавонистанд.
  5. Сафаралӣ Нуров, ки қаблан ҳам барои қочоқи маводи мухаддир суд шуда буд, ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2019 бо шариконаш беш аз як кило ҳероинро ба фурӯш задааст.
  6. Шамил Отанбеков низ ба он айбдор мешавад, ки  дар ноҳияи Шаҳритӯс миқдори бузурги ҳероинро харидааст. Мошини пур аз маводи мухаддири онҳоро дар роҳ ба Душанбе дастгир карданд, вале Отанбеков ва шариконаш тавонистанд фирор кунанд.
  7. Абдулвоҳид Менглибоев ба он айбдор мешавад, ки моҳи марти соли 2019 бо баҳонаи фурӯхтани молу мулк 80 ҳазор сомонӣ пули як ҷабрдидаро тасарруф кардааст.
  8. Бахтиёр Жалолов ба он айбдор мешавад, ки  ба ҳайси раиси хоҷагии деҳқонии “Ҳусенбой” дар ноҳияи Ашт қитъаҳои заминро ба сокинон ғайриқонунӣ тақсим карда, ба ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 24 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.
  9. Насиба Ҷалилова ба он айбдор мешавад, ки дар давраи кораш ба ҳайси менеҷери шуъбаи маркетинг ва таҳлили ширкати мобили «Вавилон-М», бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ширкати «Нақши ҷаҳон»  пулҳои барои хидматрасонӣ ба муштариёни “Нақши ҷаҳон” ҷудошударо аз худ карда, ҳамчунин аз моҳи октябри соли 2017 то августи 2018  ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ соҳибкории ғайриқонунӣ кардааст.
  10. Давлатмурод Ғафуров, старшинаи қисми низомии №0308 Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ба он айбдор мешавад, кти 16 декабри соли 2019 ба қисми низомӣ ҳозир нашуда, аз қаламрави Тоҷикистон фиор кардааст.
  11. Усмоналӣ Бурҳонов ба он айбдор мешавад, ки моҳи апрели соли 2018 бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ 79 500 сомонӣ пули як шаҳрвандро аз худ кардааст.
  12. Мамадҷон Шарипов ба он айбдор мешавад, ки  моҳи июни соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони дигар бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замин барои сохтани коттеҷ аз як сокин 65 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро фиреб додааст.
  13. Ҳабибулло Юлдошев ба он айбдор мешавад, ки тобистони соли 2019 бо роҳи фиреб пулҳои 4 шаҳрвандро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва 105 ҳазор доллар гирифта, ба онҳо зарари бузурги молиявӣ расондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button