ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ТРАКТОРЧӢ АЗ ШУҒНОН ДАР РӮШОН ДАР ДАРЁИ БАРТАНГ ҶОН БОХТААСТ

Шоми 22 декабр, соати 18:30 ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Бартанг-Рӯшон”, дар ҷамоати Савноби ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  трактори тамғаи “Кенча” ба дарёи Бартанг чаппа шуд. Дар натиҷа ронандаи 48-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки 22-юми декабри соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи “Кенча”, Мирсангинов Саидмамад Пайшанбиевич, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Бартанг-Рӯшон”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Савноб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Бартанг тақрибан аз баландии 4-5-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронандаи мазкур Мирсангинов С.П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон, бахусус роҳҳои кӯҳистони ин кишвар аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд.

 Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button