ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КӮДАК ДАР ПОЙТАХТ ДАР АЛВОНҶАК ДАРМОНДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандонаш рӯзи 21 декабр дар пойтахт дар ду ҳодисаи фавқулодда ба сокинон дасти ёрӣ дароз кардаанд.

Аз ҷумла соати 16:25 дақиқа як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар кӯчаи Маяковскии пойтахт писари ноболиғаш ҳангоми бозӣ дар майдони тафреҳии назди бино дар алвончак дармондааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 17:02 шаҳрвандро наҷот доданд ва солим ба волидонаш супурданд. Писарак ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.

Соати 19:40 дақиқа бошад  як сокини кӯчаи Нусратулло Махсум хонаи 7/3 ба қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста шудаву наметавонад мустақилона вориди хона шавад. Вай ҳамчунин хабар дод, ки дар дохили хона се фарзанди ноболиғи вай мондаанд.  Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз карданд. 

Ҳодисаҳои танҳо мондани кӯдакон дар хона ва баста шудани дари манзили шаҳрвандон зиёд иттифоқ меуфтанд. Қариб ҳар рӯз ин гуна зангҳои телефонии даъват ба кумак мерасанд. Як сабаби аслӣ аз фаромӯшхотирӣ ва саросемагӣ калидро дар дохил мондану ногаҳон баста шудани дари даромад аст.

Кӯдакони ноболиғ дар хона вақте танҳо мемонанд, хатарҳое онҳо ва худи хонаро таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, волидон бояд қабл аз берун шудан аз хона аввал бояд ҳатман бубинанд, ки калидро бо худ гирифтаанд ё на.

Дуюм дар хона танҳо мондани ноболиғон хатарҳои зиёди амниятӣ дорад, ки падарону модарон бояд ин ҳамаро донанд.

Волидонро лозим аст ҳамеша бо кӯдакони худ дар мавзӯъи танҳо мондан ва амалҳо ҳангоми танҳоӣ суҳбат кунанд. Ба онҳо фаҳмонанд, ки баногоҳ агар калид дар хона монад ё дар вайрон шаваду водидон ворид шуда натавонанд, бояд чӣ кор кунанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button