ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БА ТОҶИКИСТОН БОЗ ҚАРИБ 3 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ БЕПУЛ ДОДАНД

Шаби 23 декабр ба Тоҷикистон 2,9 миллион вояи ваксинаи хитоии “Коронавак” ворид карда шуд. Ин  охирин бахш аз 3,3 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус аст, ки Тоҷикистон тавассути барномаи КОВАКС бар пояи кумаки билоивази Бонки осиёии рушд ба даст овард.

Ба ин тартиб, то имрӯз ба Тоҷикистон тавассути барномаи КОВАКС 11,4 миллион вояи ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд ва метавон гуфт, ки ин кишвар барои ду воя ваксиназадани тамоми аҳолии калонсолаш миқдори тақрибан кофии ваксинаҳоро ба даст овард. Тибқи нақшаи миллӣ, дар Тоҷикистон бояд тамоми аҳолии калонсоли синнашон аз 18 боло, яъне ҳудуди 5,8 миллион нафар аз коронавирус ду воя ваксина бигиранд, ки барои ин наздики 12 миллион воя ваксина лозим аст.  Тоҷикистон ин ҳама 11,4 миллион воя ваксинаро тавассути барномаи КОВАХ, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади дастрасии одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис додааст, ройгон ба даст овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ваксинатсияро як роҳи аз ҳама муассири пешгирӣ аз коронавирус меноманд ва аҳолиро ташвиқ мекунанд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос ва боварҳои хурофотӣ дода нашуда, ҳатман ваксина бигиранд. Ситоди мубориза бо коронавируси ҳукумати Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирусро барои тамоми аҳолии калонсоли кишвар ҳатмӣ эълон кардааст.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 21 декабр 3 миллиону 648 ҳазору 917 нафар аз шаҳрвандон (62%) ҳадди ақал як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифта, 2 миллиону 891 ҳазору 471 нафар (49,1 фоиз) алакай ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз 13 сентябр ба ин тараф, яъне дар 100 рӯзи охир ҳамагӣ  5 мавриди нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирусро расман эътироф кардаанд. Вале табибон ва сокинон мегӯянд, ҳарчанд доманаи пандемия ҳоло ба ҳадди тобистон нест, боз ҳам шумораи воқеии беморон хеле бештар аз арқоми расмии вазорати тандурустист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button