ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

7 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ХОНАИ ЯК СОКИНИ ЧОРКӮҲРО ШАБОНА ТИРБОРОН КАРДААНД

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара хабар дод, ки шаби 22 декабр, тахминан соатхои 22-и шаб хонаи истиқоматии сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ Довудов Муҳаммадҷон мавриди тирпарронӣ карор гирифт. Дар натиҷа оинаҳои тирезаҳои хонаи Довудов шикаста, тир то ба ҷойи хоб расида ва деворҳои хона ҳам бархӯрдааст.

Деҳаи Сомониён дар марз бо деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ яке аз доғтарин нуқтаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор меравад.

“Довудов Муҳаммадҷон ин дафъаи чандум аст, ки аз тарафи қирғизҳо азият мебинад ва ба молу амволаш зарар мерасад. Тахминан ду ҳафта пештар низ якчанд моли калони шохдори ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қирғизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолати дигарон говҳо баргардонида шуданд”, – навиштааст Шомадов. Ӯ ҳамчунин ёдовар шудааст, ки дар муноқишаи моҳи апрели соли равон низ хонаи ин сокини Сомониён аз тарафи сокинони деҳаи Кӯктош пурра ба коми оташ рафта, бо кумаки мақомоти иҷроия аз нав бунёд гардид.

Ин алакай дуюмин ҳодисаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар рӯзи 22 декабр аст. Қаблан Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки марзбонони тоҷик дар канори роҳи Мақсад – Жаштиқ ба тарафи як мошини КАМАЗ, таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон Б.М. тир андохтаанд. Дар робита ба ин қазия рӯзи  22 декабр музокироти намояндагони мақомоти марзбонии ду кишвар доир шудааст.  Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро  то ҳол шарҳ надодааст. Вале ҷониби Қирғизистон марзбонҳои тоҷикро гунаҳкор мекунад.

Ёдовар мешавем, бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи он муноқишаи хунин марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button