ВидеоТоҷикистон

ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲОИ “ШАҲРВАНДИ СОЛИ 2021 БА 12 ФАЪОЛИ ТОҶИК”

Шоми 21 декабр дар меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе маросими тақдими аввалин ҷоизаҳои “Шаҳрванди сол” доир шуд. Ин ҷоизаро Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон бо дастгирии Интернюс ва USAID – Агентии рушди байналмилалии Амрико таъсис додааст ва он ба 12 нафаре дода шуд, ки рафторашон намунаи шуҷоати шаҳрвандӣ гардида, дар дигаргуниҳои мусбат дар ҷомеа таъсири чашмрас гузоштааст. Инҳо барандаи ҷоизаи “Шаҳрванди соли 2021” шуданд:  Комёр Мирзоев, Дилрабо Самадова, Анаҳита Саймиддинова, Зулфия Раҳматова, Лола Насриддинова, Гулчеҳра Раҳмонова, Елена Бухориева, Наврӯз Одинаев, Ғайрат Қодиров, Манзаралӣ Шералӣ, Шоҳин Қурбонов, Далер Имомалӣ.  Дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Шаҳрванди соли 2021” ба вирусшинос Ораш Алоӣ низ барои кумак ва машваратҳои маърифатиаш дар давраи пандемия изҳори сипос карда шуд.

Дар Душанбе “Шаҳрванди соли 2021”-ро маълум карданд

Муаллиф: Нигина Аслонова, Asia-Plus

Он ба 12 нафаре дода шуд, ки рафторашон намунаи шуҷоати шаҳрвандӣ гардида, дар дигаргуниҳои мусбат дар ҷомеа таъсири чашмрас гузоштааст.

Дар меҳмонхонаи “Серена” дар Душанбе 21 декабр маросими тантанавии тақдими ҷоизаи эътирофи ҷамъиятии “Шаҳрванди соли 2021” доир гардид.

Ин аввалин чунин ҷоизаест, ки Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон бо дастгирии Интернюс баргузор мекунад. Он ба 12 нафаре дода шуд, ки рафторашон намунаи шуҷоати шаҳрвандӣ гардида, дар дигаргуниҳои мусбат дар ҷомеа таъсири чашмрас гузоштааст.

Аввалин шуда ризокор (волонтёр)-и ҷавон, яке аз фаъолони шаҳри Хоруғ Комёр Мирзоев ба толор хонда шуд. Даъвати ӯро барои таъмири беморхона соҳибкорон, шахсиятҳои маъруф ва мардумони одӣ дастгирӣ намуда, беморхона таъмир ва бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин карда шуд.

Пас аз он Дилрабо Самадова, Шаҳрванди сол тибқи фарзияи расонаҳои Тоҷикистон даъват шуд. Зимнан зикр гардид, ки баҳори соли ҷорӣ вай ба сокинони минтақаи низоъ дар марз бо Қирғизистон, ки бесарпаноҳ монда буданд, кумак расонид: бо шарофати ӯ ва чанд нафар фаъолони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми манотиқи кишвар ба осебдидагон кумак ҷамъоварӣ шуд.

Анахита Саймидинова низ ба ин ҷоиза сазовор дониста шуд, ки пас аз баргузории даҳҳо мулоқот тавонист дар якҷоягӣ бо дӯстон ва пуштибонии ҷомеа ба берун овардани 167 духтару зан аз манотиқи даргириҳои Афғонистон муваффақ шавад.

Зулфия Раҳматова низ барои мавзеъгирии фаъоли шаҳрвандиаш дар бисёр масъалаҳое, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон аҳамият доранд, соҳиби ҷоиза шуд.

Лола Насриддинова низ Шаҳрванди сол дониста шуд, ки бо мавқеъи фаъоли шаҳрвандии худ ҷомеаро ба шунидан ва қабул кардани маъюбон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа даъват мекунад. Тибқи фарзияи расонаҳои Тоҷикистон, дар соли 2021 созмони “Ирода” пешоҳанги ҳаракати волидони кӯдакони махсус шуд.

Дар байни барандагони ҷоиза инчунин инҳо буданд: ҳомии ҳуқуқ Гулчеҳра Раҳмонова, ки якҷо бо дастааш бо кӯдакони амалкардашон мухолифи қонун кор мекунад;

Елена Бухориева, ки дар муҳофизати ҳайвоноти бесоҳибу бехона ҳиссаи беандоза мегузорад;

Наврӯз Одинаев на танҳо ҳуқуқшинос, балки эколог, фаъоли ҳифзи муҳити зист ва ходими фаъоли ҷамъиятӣ мебошад;

директори театри Конибодом Ғайрат Қодиров, ки барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар соли ковидии 2020 мукофотонида шуд. Дар ин давра театр ба намоиши спектаклҳои худ ба таври онлайн шурӯъ намуда, барои бачаҳо аудио-намоишҳо таҳия намуд.

Коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ барои филми “Сарбор ҷоиза гирифт. Филм бар асоси ҳодисаи воқеии зане бо кӯдакаш таҳия шудааст, ки шавҳараш ӯро аз хона ронда, волидонаш ӯро ба хонаашон роҳ надодаанд.

Ҷоиза инчунин ба мусиқачӣ Шоҳин Қурбонов, ки фаъоли муҳити фарҳангии Душанбе, мутасаддӣ ва муассиси иттиҳодияи эҷодии «МУЗА», ки аз соли 2020 инҷониб вуҷуд дорад, муаллифи ҷашнвораи мусиқии электронӣ ва эҷодӣ, ки соли дуюм дар кӯҳсор зери осмони кушод бомуваффакият гузаронда мешавад, низ тақдим шуд.

Ҷоизаи мазкур ба Далер Имомалӣ, рӯзноманигор ва муаллифи маҳфили матбуотии радиои «Ватан» низ супурда шуд. Ӯ бо гузоришҳои далерона ва пахши мустақим дар мавзӯъҳои доғ маъруф аст.

Дар фарҷоми маросим ба мутахассиси маъруфи ғарбӣ дар соҳаи вирусшиносӣ доктор Ораш Алоӣ барои кумакаш дар давраи пандемияи коронавирус изҳори сипос карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button