ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

СУХАНРОНИИ БОҚИР ДАР МИТИНГИ ХОРУҒ: ЯГОН ҚАДАМ АҚИБ НАМЕНИШИНЕМ! (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои суханронии Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар митинги эътирозӣ дар шаҳри Хоруғ нашр шудааст. Эътирозҳо дар майдони марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дар пайи марги Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъа дар пайи боздошташ аз ҷониби мақомот сар шуда, аз 25 то 28 ноябр давом кард. Боқир дар назди эътирозгарон 28 ноябр, дар рӯзи охирини тазоҳурот суханронӣ кардааст.

Ӯ ба забони шуғнонӣ, яке аз забонҳои помирӣ суханронӣ мекунад ва танҳо дар як ҷо ибораи русии “ни шагу назад!” (“ягон қадам ақиб намемонем!”-ро ба кор мебарад. Pamir Daily News, як пойгоҳи хабарие, ки рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, тарҷумаи суханони ӯро нашр кардааст: “Шумо ҳама дидед, ки дар  ин рӯзҳо дар инҷо чӣ корҳо гузашт, ҷасадҳои додари мо дар инҷо буд. Қасам ба Худо, ягон қадам ақиб намемонем! … Бигзор 20 нафари моро бикушанд, вале фарзандони мо набояд ғуломи онҳо шаванд. Войи он падаре, ки ба фарзанд бигӯянд, ки “падари ту хоин буд”. Мо набояд мавриди масхараи фарзандонамон қарор бигирем! Онҳо набояд ғулом шаванд! Сарфи назар аз он ки киро мефиристанд. Ин ҳама дурӯғ аст, ин ҳама чизе, ки мо дар ин се рӯз дидем. Мо аз онҳо наметарсем.”

Мақомоти қудратии Тоҷикистон лидерони ғайрирасмии Бадахшонро “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” номида, ба ташкил ва раҳбарии нооромиҳои ахир, аз ҷумла эътирозҳои моҳи ноябр дар Хоруғ айбдор мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 13 декабр дар Хоруғ дар ҷаласаи ҷамъбасти 11 моҳи фаъолияти мақомоти милитсияи вилоят гуфт, “бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд… аммо роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд.”

Аз ин қабл Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) шоми 9 декабр тавассути ТВ “Бадахшон” ва саҳифаҳои марбут ба мубаллиғонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи муфассали 45-дақиқагиро бо номи “Нерӯи қонун” дар бораи рӯйдодҳои ахири Бадахшон нашр кард. Дар ин барнома низ аз лидерон, ё ба таъбири мақомот, саркардаҳои  гуруҳҳои  Бадахшон талаб карда мешуд, ки ихтиёран ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуда, зарари расондаашон ба иқтисоди шаҳри Хоруғ ва вилоятро, ки мақомот 7,7 миллион сомонӣ баровардаш кардаанд, ҷуброн кунанд, вагарна нисбаташон чораҳои қотеъона андешида хоҳад шуд.

Бисёриҳо дар Бадахшон мутмаинанд, ки як ҳадафи асосии  мақомоти қудратӣ Мамадбокир Мамадбокиров, яке аз пурнуфузтарин лидерони ғайрирасмии ин вилоят боқӣ мемонад. Боқир дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад ва гуруҳҳои асосии тарафдоронаш низ дар ҳаминҷост.

Ҳанӯз то ҳодисаҳои ахир, рӯзи 14 октябри соли ҷорӣ Боқир дар яке аз посгоҳҳои шаҳри Хоруғ боздошт шуда буд, вале тарафдоронаш ба онҷо расида, ӯро аз дасти милисаҳо кашида гирифтанд. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқишаи тарафдорони Боқир ва кормандони мақомот як афсари милисаро бо табар захмӣ кардаанд. Вале он вақт тарафдоронаш тавонистанд монеи боздошти Боқир шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button