ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

МАНЪИ САФАРИ 66 ИШТИРОКЧИИ ЭЪТИРОЗҲОИ ХОРУҒ БА ХОРИҶИ ТОҶИКИСТОН

Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯйхатти 66 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаро, ки сафари онҳо ба хориҷи Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, дастрас кардааст. Бино ба ин манбаъ, мақомот исми ин 66 нафарро дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ дар ихтиёри сарҳадбонон  гузоштаанд, то монеи хуруҷашон аз қаламрави кишвар шаванд. Ин рӯйхат “Ашхосе, ки ба сиcтемаи мамнӯъшудагон ворид шудаанд” ном доштааст ва дар он ному насаб, ноҳия, деҳа ва рӯзи таваллуди афроде, ки иҷозаи берун шудан надоранд, сабт шудааст.

Мақомот онро шарҳ надодаанд, вале фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон ба Озодӣ гуфтаанд, ки ин рӯйхат аксаран номи онҳоеро дар бар мегирад, ки дар эътирозҳои рӯзҳои 25-28-уми ноябр  дар Хоруғ ширкат доштанд. Мақомот рӯзи 28 ноябр дар ивази ба хонаҳояшон пароканда шудани эътирозгарон ба таври хаттӣ ба онҳо ваъда дода буданд, ки ягон нафарро барои иштирок дар тазоҳуроти Хоруғ на ба ҷавобгарии маъмурӣ ва на ба ҷавобгарии ҷиноятӣ нахоҳанд кашид.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрванди аз “комиссияи 44”, ки эътирозгарон барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб карда буданд, мегӯянд, зоҳиран мақомот мисли дигар ваъдаҳои дар ҳаво мондаашон, ба мисли ваъдаи барқарор кардани алоқаи мобил ва Интернет дар Бадахшон, ҳоло аз иҷрои ваъдаи додаи худ худ дар мавриди ба ҷавобгарӣ накашидани эътирозгарон  низ даст кашидаанд.

Як узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ки нахост номаш зикр шавад,  ба Озодӣ гуфтааст, рӯйхатро мақомоти умури дохилаи Бадахшон тартиб додаанд ва ба марзбонон таъкид кардаанд, то ба ин афрод иҷозаи берун шудан надиҳанд. “Дар ин рӯйхат, аслан зодагони маҳаллаҳои Хоруғ ва Роштқалъа ҳастанд, ки тобути Гулбиддин ва ду нафари дигарро ба майдон оварданд. Онҳо талаби ҷазо додани дастандаркорони куштори ӯро карда буданд”,–гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, рӯзи 25 ноябр Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа чанд соат баъди боздошташ аз ҷониби мақомоти қудратӣ ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, ки ӯ мусаллаҳ буд ва ҳангоми боздошташ муқовимат нишон дод ва ба ин далел, мақомот маҷбур шуданд, ки ба тарафи ӯ тири ҷавобӣ кушоянд. Дар навори нашркардаи мақомот як таппончаи Макаров бо чанд тир ҳам намоиш дода шуд, ки гӯё аз маҳалли боздошти Зиёбеков пайдо кардаанд. Вале сокинони Тавдем мегӯянд, ки он рӯз Зиёбеков силоҳ надошт.

Дар пайи марги Зиёбеков, як гуруҳи сокинон ҷанозаи ӯ ва Тӯтишо Амиршоев, боз як сокини кушташудаи Тавдем дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги онҳо дар майдони назди бинои ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъ шуданд.

Эътирозҳо дар Хоруғ 4 рӯз давом кард ва дар ин муддат дар умум се сокини Бадахшон кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз захмӣ шудани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дод.

Эътирозҳо шоми28 ноябр дар пайи як қисми талабҳои тазоҳургаронро пазируфтани мақомот ба анҷом расид.  Мақомот аз ҷумла розӣ шуданд, ки  таҳқиқи марги Зиёбековро ҳамроҳ бо намояндагони тазоҳургарон анҷом дода,  дастрасӣ ба алоқаи мобил ва интернетро дар вилоят барқарор кунанд ва иштирокчиёни эътирозҳоро ба ҷавобгарӣ накашанд.

Вале бо гузашти қариб як моҳ, ба гуфтаи намояндагони “комиссияи 44”, ҳатто ваъдаи барқарор кардани дастрасӣ ба алоқаи мобил ва Интернет дар Бадахшон иҷро нашуд, чӣ расад ба ваъдаҳои дигари  дар ивази пароканда шуданашон ба мардум додаи мақомот.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button