ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК НОБОЛИҒ ДАР ВАҲДАТ ЯК МАРДИ КАЛОНСОЛРО 6 КОРД ЗАДААСТ

Ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки шоми 20 декабр, тахминан соати 17:30, ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳрро лату кӯб намуда, ӯро 6 зарбаи корд задааст.

хххххххххххххххххх

Аз як ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Спитамен 12 500 дона маводи тарфгарии «Трения Х201» мусодира кардаанд. Дар Тоҷикистон фурӯши маводи тарфгарӣ (хлопушка) мамнӯъ мебошад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғ барои содир намудани ҷинояти авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Номбурда, 20-уми декабри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳрро лату кӯб намуда, бо корд 6-маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ноболиғ 12 ҳазору 500-дона маводи тарфгарии «Трения Х201» дарёфт ва гирифта шуд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи-1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button