ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ЗАНИ ФАЪОЛИ ТОҶИК МУАТТАРА ҲАЙДАРОВА

Муаттара Ҳайдарова, яке аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос, муҳаққиқи масоили ҳуқуқи мусалмонӣ ва озодии эътиқод, рӯзи 20 декабр, баъди бемории тӯлонӣ ва вазнин аз олам чашм пӯшид. Дар бораи марги Муаттара Ҳайдарова дар Фейсбук Гулҷаҳон Бобосодиқова, ҳомии ҳуқуқ ва дар гузашта яке аз роҳбарони аввали Тоҷикистон, хабар дод.

“Муаттара Саидмуродовна Ҳайдарова, хеши наздики ман рӯзи 20 декабр баъди бемории тӯлонии вазнин тарки ин дунё кард. Ӯ яке аз намояндагони фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ буд ва чӣ қадар нерӯву қудрати худро барои таълими кормандони созмонҳои ғайридавлатӣ сарф кард. Ҳуқуқдони варзида, духтар, модар ва бибии беҳтарин буд. Аз марги модараш ҳанӯз 40 рӯз нагузашта буд ”, – навиштааст Гулҷаҳон Бобосодиқова.  Ӯ бо изҳори ҳамдардӣ ба духтараш Хуршед ва дигар пайвандони марҳум ҳамчунин хабар дод, ки тибқи васияташ, Муаттара Ҳайдарова дар Хуҷанд ба хок супурда хоҳад шуд.

Хабаргузории русии “Спутник” хабар дод, ки Муаттар Ҳайдарова нафақат ҳуқуқшинос ва муҳаққиқ, балки коршинос ва мураббии варзида дар масоили озодии эътиқод ва гирдиҳамоӣ дар Осиёи Марказӣ низ буд ва беш аз 30 солро барои таҳқиқот дар арсаи таъмин ва ҳимояти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ сарф кардааст. Муаттара Ҳайдарова муаллифи беш аз 50 мақолаву асар пиромуни таърихи ҳуқуқи мусалмонӣ, озодии эътиқод ва озодии гирдиҳамоӣ мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button