ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсонҶомеа

ОҒОЗИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БА ЗИДДИ ДУ АВБОШ БАРОИ ОЗОР ДОДАНИ ДУ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки ду ҷавонеро, ки рӯзи 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт ба ду духтари ноболиғ, аз ҷумла духтари 15-солаи журналист Шаҳноз Комилзода ва абераи Устод Мӯъмин Қаноат,  бо баҳонаи ранг кардани мӯи сарашон ва рӯймол надоштанд, дарафтоданд, дастгир карда, ба зидди онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба Қурбонов Кароматулло Файзалиевич, мулаққаб ба “Каром”, санаи таваллудаш 9 сентябри соли 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, гузаргоҳи 2 ва Носиров Маъруф Муродалиевич, санаи таваллудаш 6 сентябри соли 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теппаҳои шарқӣ, бар асоси ин бандли қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ, ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хабари ҳамла ба духтарони ноболиғ мавҷи вокунишҳои тунди корбаронро дар Интернет  барангехт ва бисёриҳо аз мақомоти милитсияи пойтахт хостанд, то нисбаӣт ба ин кирдори барои ҷомеа хафвнок чораҳои қонунӣ андешанд.

Милитсияи Душанбе гуфт, бо ҷалби кормандони ботаҷриба ва баргузории як силсила тадбирҳои фаврию тафтишотӣ ҳарду ҷавони авбошро алакай субҳи 20 декабр аз хонаҳояшон дастгир карданд.

“Зимни санҷиши ҳодиса муайян карда шуд, ки тахминан соатҳои 15.40 дақиқаи санаи 19 декабр дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “Гранд-Отел” қарор доштани 2 духтари ноболиғ, ҷавонписарони дастгиршуда пайдо гардида, нахуст духтаронро бо сабаби ранг кардани мӯи сар ва надоштани сатру рӯймол мавриди дашном қарор додаанд. Сипас баъди он ки духтарон бо телефон кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷавонписаронро сабт карданӣ мешаванд, боздоштшудаҳо телефонро шикаста, бо мақсади авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар он беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо истифодаи зӯроварӣ ноболиғдухтаронро мавриди латукӯб ва озори ҷисмонӣ қарор додаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти РВКД Душанбе.
Шаҳноз Комилзода қаблан дар саҳифааш дар Фейсбук ба ҳама муроҷиат кардааст ки: “Дӯстон, агар ин номардонро дар ҳар ҷое дидед ба рӯяшон туф кунед!”

Бино ба нақли Шаҳноз, рӯзи 19 декабр, соати тақрибан 15 дар маркази шаҳр се нафар ба духтари ноболиғ, аз ҷумла ба духтари ӯ, дастдарозӣ карда, онҳоро дашном ва латтукӯб кардаанд.

“Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кӯшиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад… “Шумо барин духтарҳо фақат барои г…дан мегӯяд.”…. духтарам кӯшиш мекунад телефонашро аз дасти ӯ бигирад, дар ҳамин миён ду марди дигар, дӯстони ин аблаҳ сумкаи духтарамро аз дасташ кашида мегиранду таҳқир кардан мегиранд. Дугонаи духтарам ҳам талош мекунад чизҳояшонро аз дасти писарҳо бигиранд, аммо онҳо ҳамин тавр духтарҳоро аз пеши поликлиника 1 то назди ОВИР, ҳудуди 500 метр таҳқиру дашном карда меоранд”, – навиштааст Шаҳноз Комилзода.

Духтаракон ночор барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон ба онҳо ҳамла мекунанд, вале он се (но)мард дугонаи духтари Шаҳнозро ба замин афтонда, бо шатта ба сару рӯю шикамаш мезананд. Телефони духтари Шаҳнозро ҳам ба замин партофта мешикананд.

Шаҳноз менависад, “роҳгузарон ҳамаи ин ҳолатро дида ором гузашта мераванд. Ва ҳатто духтарҳоро таънаю маломат мекунанд, ки “Дар хонаҳотон шинен, чо мекуна..?  Мо аз Толибон гила дорем боз!”

Шаҳноз Комилзода нон се (но)мардро “ҳаромзодаҳо” номида, барояшон лаънати Худо фиристодааст ва авиштааст, ки ҳолати равонии духтарҳо бисёр бад аст, чунки зарбаҳои шадиди ҳам равониву ҳам ҷисмонӣ гирифтаанд.

Журналист Зульфия Голубева  бо хашм навиштааст, ки “имрӯз дилам аз мардон сард шуд.”

Ин кай тамом мешавад? Кӣ ба шумо иҷозат додааст, ки фақат барои мӯяшро ранг кардани духтар  ё рӯймол напӯшидан” духтари бароятон ношиносро зери мушту лагат бигиред?” – навиштааст ӯ.

Зулфия изҳори умед кардааст, ки ба зудӣ ин се (но)мардро ба ҷавобгарӣ мекашонанд ва “ҳама хоҳем дид, ки чӣ гуна онҳо ҳоҷатхона тоза хоҳанд кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button