ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

“ИСЛОҲ ТВ”, КАНАЛИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ДАР ЮТУБ БАСТА ШУД

“Ислоҳ ТВ”, яке аз пуртамошобинтарин каналҳои марбут ба оппозитсияи тоҷик дар шабакаи Ютуб рӯзи 20 декабр баста шудааст.  Худи Муҳаммадиқболи Садриддин, муассиси “Ислоҳ ТВ” ин хабарроҳаз шарҳ надодааст, вале сомонаи “Азда ТВ” хабар дод, ки “Ислоҳ ТВ” ба далели шикоятҳои зиёд оид ба таҳқиру туҳмат ва вайрон кардани қоидаҳои Ютуб баста шудааст.

“Ислоҳ ТВ”, ки яке аз минбарҳои умдаи мухолифин ба шумор рафта, ба шакли суҳбатҳои мустақим бо мардум барнома пахш мекарду бо як лаҳни шадид аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон интиқод мекард, қаблан аз баста шуданаш беш аз 150 ҳазор обуначӣ дошта, видеоҳояшро ҳудуди 95 миллион маротиба  тамошо карда будаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Фаронса ба сар мебарад, дар Ютуб як канали дигар бо номи “Ислоҳ Плюс” ва ҳамчунин сомонаи “Ислоҳ.Нет”-ро мечархонад. Суҳбатҳои мустақими ин раҳбари мухолифин ҳамчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва асосан аз тариқи Фейсбук низ мустақим пахш мешаванд, вале саҳифаи Муҳаммадиқболи Садриддин дар Фейсбук ҳанӯз фаъол боқӣ мондааст.

Ҳамчунин дар сояи афзоиши тамошобинҳои “Ислоҳ ТВ” бар пояи видеоҳои ин канал дар Ютуб чанд канали дигар, ба мисли “Хулоса ТВ”, “Уфуқ ТВ”  ва ғайра пайдо шудаанд, ки асосан аз ҳисоби бознашри пораҳое аз суҳбатҳои мустақими Муҳаммадиқболи Садриддин дар канали “Ислоҳ ТВ” тамошобин ҷамъ меоварданд.

Манобеи наздик ба ҳукумати кунунии Тоҷикистон низ “Ислоҳ ТВ” –и Муҳаммадиқболи Садриддинро муваффақтарин тарҳи матбуотии оппозитсияи кунунӣ дар хориҷ эътироф мекарданд ва мегуфтанд, дар Душанбе хеле нигарони таъсири он ба зеҳри мардум, бахусус ба зеҳри муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар мебошанд. Ҳамчунин тавассути “Ислоҳ ТВ” ҳар ҳафта бо такя ба манобеи ин шабака дар дохили ҳукумат сели компроматҳо дар бораи мансабдорони баландпояи ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва афроди наздик ба ин ҳукумат нашр мешуд, ки низ мояи ташвишҳои ҷиддие дар Душанбе шуда буд.

Мақомот ӯро ба паҳн кардани туҳмату буҳтон дар бораи аъзои калидии ҳукумат ва хешу табори президент Эмомалӣ Раҳмон айбдор мекунанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин қаблан чандин бор гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон тавассути афроди худ аз “Авангард” ва “фабрикаи ҷавоб” талош доранд, ки сели шикоятҳоро ба шабакаҳои иҷтимоӣ равон карда, каналҳои ӯро бубанданд. Қаблан низ бар асоси сели шикоятҳо саҳифаи ӯро дар Фейсбук баста буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button