ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

“ИН НОМАРДОНРО ДАР ҲАР ҶОЕ ДИДЕД, БА РӮЯШОН ТУФ КУНЕД…”

Мақомоти милитсияи Душанбе се нафареро, ки рӯзи 19 декабр дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба ду духтари 15-сола, аз ҷумла ба Мумтоз, духтари журналисти шинохта Шаҳноз Комилзода ва абераи Устод Мӯъмин Қаноат дарафтоданд, дастгир кардааст.

Шаҳноз Комилзода дар саҳифааш дар Фейсбук ба ҳама муроҷиат кардааст ки: “Дӯстон, агар ин номардонро дар ҳар ҷое дидед ба рӯяшон туф кунед!”

Бино ба нақли Шаҳноз, рӯзи 19 декабр, соати тақрибан 15 дар маркази шаҳр се нафар ба ду духтари ноболиғ, аз ҷумла ба духтари ӯ, дастдарозӣ карда, онҳоро дашном ва латтукӯб кардаанд.

“Ба аъзои бадани духтарам даст мерасонад, духтарам кӯшиш мекунад дастони ин ҳайвонро аз баданаш дур кунад, баъд телефонашро аз дасташ зада мегирад ва дашномаш мекунад… “Шумо барин духтарҳо фақат барои г…дан мегӯяд.”…. духтарам кӯшиш мекунад телефонашро аз дасти ӯ бигирад, дар ҳамин миён ду марди дигар, дӯстони ин аблаҳ сумкаи духтарамро аз дасташ кашида мегиранду таҳқир кардан мегиранд. Дугонаи духтарам ҳам талош мекунад чизҳояшонро аз дасти писарҳо бигиранд, аммо онҳо ҳамин тавр духтарҳоро аз пеши поликлиника 1 то назди ОВИР, ҳудуди 500 метр таҳқиру дашном карда меоранд”, – навиштааст Шаҳноз Комилзода.

Духтаракон ночор барои гирифтани сумкаю телефонҳояшон ба онҳо ҳамла мекунанд, вале он се (но)мард дугонаи духтари Шаҳнозро ба замин афтонда, бо шатта ба сару рӯю шикамаш мезананд. Телефони духтари Шаҳнозро ҳам ба замин партофта мешикананд.

Шаҳноз менависад, “роҳгузарон ҳамаи ин ҳолатро дида ором гузашта мераванд. Ва ҳатто духтарҳоро таънаю маломат мекунанд, ки “Дар хонаҳотон шинен, чо мекуна..?”  Мо аз Толибон гила дорем боз!”

Шаҳноз Комилзода нон се (но)мардро “ҳаромзодаҳо” номида, барояшон лаънати Худо фиристодааст ва навиштааст, ки ҳолати равонии духтарҳо бисёр бад аст, чунки зарбаҳои шадиди ҳам равониву ҳам ҷисмонӣ гирифтаанд.

Журналист Зульфия Голубева  бо хашм навиштааст, ки “имрӯз дилам аз мардон сард шуд.”

Ин кай тамом мешавад? Кӣ ба шумо иҷозат додааст, ки фақат барои мӯяшро ранг кардани духтар  ё рӯймол напӯшидан” духтари бароятон ношиносро зери мушту лагат бигиред?” – навиштааст ӯ.

Зулфия изҳори умед кардааст, ки ба зудӣ ин се (но)мардро ба ҷавобгарӣ мекашонанд ва “ҳама хоҳем дид, ки чӣ гуна онҳо ҳоҷатхона тоза хоҳанд кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button