ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

ФАВРӢ! МУРОҶИАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМИАИ ШАҲРВАНДИИ БАДАХШОН БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ (ВИДЕО)

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “комиссияи 44”, ки эътирозгарони шаҳри Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, шоми 19 декабр ба раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд. Матни ин муроҷиатномаро узви “комиссияи 44” Фаромӯз Иргашов қироат кард.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “комиссияи 44”, ки эътирозгарони шаҳри Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, шоми 19 декабр ба раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд. Матни ин муроҷиатномаро узви “комиссияи 44” Фаромӯз Иргашов қироат кард.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз Рустами Эмомалӣ хостанд, ки вазъи сиёсии пешомада дар Бадахшонро дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ба баррасӣ гузошта, фаврал барои ҳалли осоиштаи ин қазия кумаки амалии худро бирасонад. Ба ақидаи онҳо, “сулҳу ваҳдат, тинҷию амонии ҷомиа ва давлат, муттаҳидии миллати тоҷик, якпорчагии Ватани азизамон Тоҷикистон… имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери хатар ҳастанд, ки ин метавонад оромию сулҳу суботро дар миқёси тамоми Тоҷикистони азизамон халалдор намояд.”

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ бори дигар таъкид кардаанд, ки эътирозҳои  25-28 ноябр дар Хоруғ ба таври стихиявӣ ва дар заминаи ҳаяҷони мардум дар вокуниш ба марги шубҳаовари сокини деҳаи Тавдем Гулбиддин Зиёбеков доир шуд. Онҳо аз он изҳори  нигаронӣ кардаанд, ки   дар ҷараёни эътирозҳо боз ду сокини вилоят кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуд, вале “айни замон, фақат масъалаи ҷавобгарӣ барои латтукӯби кормандони мақомоти қудратӣ ба роҳ монда шудаасту дар бораи ду нафар кушташуда ва 15 нафар шаҳрвандони аз тир захмишуда сухане нест.”

Муаллифон бо зикри инки аз ҳама нархи баланди маҳсулоти хӯрока, барқ ва сӯзишворӣ ва ҳамин тавр сатҳи аз ҳама баланди бекорӣ дар ҷумҳурӣ дар Бадахшон аст, мегӯянд, “халқи таҳаммулпазири Бадахшон тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронад ва ҳукуматро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуда истодааст ва ба ҳоли имкониятҳои мавҷудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадааст… аммо рӯирост ва беасос мардуми осоиштаро паррондан аз тарафи мақомоти қудратӣ, бо ҳар ҳуқуқвайронкунии начандон вазнин доғдори судӣ намудани ҷавонон, бадном ва сиёҳ намудани мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар умум дар шабакаҳои давлатӣ ва васоити ахбори омма, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳибкорон ва дигар табақаҳои ҷомиа дар умум аз ҳама чорчӯбаҳои таҳаммулпазирӣ ва тоқатпазирӣ гузаронида ва бароварда шудааст.”

Матни пурраи муроҷиатнома чунин аст:

“Муҳтарами раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ!

Мо, сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз санаи 25 то 28 ноябри соли 2021 бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ бо талабҳои намояндагони расмии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ҷамъомада дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини сулҳу субот дар шаҳри Хоруғ алоқаманд бо қазияи санаи 25 ноябри соли 2021 дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ҷону саломатии худро дар хатар гузошта, ба муҳокима ва баррасии  талабҳои мардум ва ҳукумат корро шурӯъ намудем.

Мақсади муроҷиати мо ба унвони Шумо вобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ҳолати кор чунин аст, ки вазъият дар шаҳри Хоруғ аз санаи 25 ноябри соли 2021 баъди гузарондани амалиёти оперативию ҷустуҷӯӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дар натиҷаи он шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ба қатл расонида шуд, ду нафари дигар захмӣ шуданд ва мардум ба таври стихиявӣ вобаста ба ин кор дар заминаи ҳаяҷон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ҷамъ шуданд.

Дар тазоҳурот 17 нафар дар назди  муқаддасоти миллат: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи дигар, ва муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон: Исмоили Сомонӣ аз тири яроқи оташфишони кормандони мақомоти қудратӣ захмӣ шуданд, ки ду нафар аз онҳо ба ҳалокат расиданд. Айни замон, фақат масъалаи ҷавобгарӣ барои латтукӯби кормандони мақомоти қудратӣ ба роҳ монда шудаасту дар бораи ду нафар кушташуда ва 15 нафар шаҳрвандони аз тир захмишуда сухане нест.

 Бо парвандаи ҷиноятӣ оиди ба қатл расондани шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ва дигар шаҳрвандон тафтишот рафта истодааст.

Халқи таҳаммулпазири Бадахшон тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронад ва ҳукуматро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуда истодааст ва ба ҳоли имкониятҳои мавҷудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадааст. Аз он ҷумла  гаронтарин нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва бозор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гаронтарин нархи барқ, сӯзишворӣ, баландтарин сатҳи бекорӣ, вайронтарин роҳҳо нисбат ба дигар манотиқи ватанамон арзи вуҷуд дорад.

Аммо рӯирост ва беасос мардуми осоиштаро паррондан аз тарафи мақомоти қудратӣ, бо ҳар ҳуқуқвайронкунии начандон вазнин доғдори судӣ намудани ҷавонон, бадном ва сиёҳ намудани мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар умум дар шабакаҳои давлатӣ ва васоити ахбори омма, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳибкорон ва дигар табақаҳои ҷомиа дар умум аз ҳама чорчӯбаҳои таҳаммулпазирӣ ва тоқатпазирӣ гузаронида ва бароварда шудааст.

Сулҳу ваҳдат, тинҷию амонии ҷомиа ва давлат, муттаҳидии миллати тоҷик, якпорчагии Ватани азизамон Тоҷикистон, ки ин арзишҳои бебаҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, сарвари Ватанамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фидокориҳо ва ҷонбозиҳо барои миллат овард, имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар умум арзишҳои зикргардида зери хатар ҳастанд, ки ин метавонад оромию сулҳу суботро дар миқёси тамоми Тоҷикистони азизамон халалдор намояд.

Бино бар чунин ҳолати кор, мо, халқи сулҳпарвари Бадахшон, тарафдорони сиёсати сулҳҷӯёнаи сарвари кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як умед ба Шумо муроҷиат менамоем, ки масъалаи вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳимояи сулҳу субот дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор диҳед, тамоми донишу маҳорати худро ба кор бурда, вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро зери назорати қатъии худ қарор дода, ба мо кумаки амалии худро расонед.

Ташаккур ба диққатон!”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button