ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ПУЛУ ТИЛЛОВОРӢ ДАР КОНИБОДОМ ВА ҚАЛЛОБӢ ДАР “МЕҲРГОН”

Сокини 30-солаи Конибодом  ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 15 декабр, соати 10:00, аз хонаи зани 57-солаи сокини  ҳамин шаҳр 10 ҳазор доллар, 28 ҳазор рубли руссӣ, 25 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, ба соҳибхона 196 ҳазору 580 сомонӣ зарар расондааст.

хххххххххх

Зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 8 ноябр дар бозори “Меҳргон” бо роҳи фиреб 57 ҳазор сомонӣ пули зани 36-солаи сокини пойтахтро барои ҳамагӣ чанд рӯз  гирифтаааст,  вале то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза зани 57-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми декабри соли 2021, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 10 ҳазор доллари амрикоӣ, 28 ҳазор рубли руссӣ, 25 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллойиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 196 ҳазору 580 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30 солаи сокини ҳамон ҷо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 36-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 8-уми ноябри соли 2021 дар бозори “Меҳргон”-и пойтахт зани 32 солаи сокини ноҳияи Варзоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 57 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ онро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button