ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ПОЙТАХТ ВА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳ ва шаби 18 декабр бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъ ва дар пойтахт, шаҳри Душанбе ду нафар: ронандаи  39-сола ва мусофири 30-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар, аз ҷумла як ҷавонзани 30-сола ва як ҷавони 31-сола ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла субҳи 18-уми декабри соли 2021, тахминан соати 03:50-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Ҳасанов Сафархӯҷа Мирзохонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Ҳабибуллоев Усмон Иззатуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Ҳасанов С.М. ба ҳалокат расида, мусофиронаш: Раҳматуллоева Екатерина Руслановна, соли таваллудаш 1991 ва Суҳробзода Ноиб Суҳроб, соли таваллудаш 1990, сокинони пойтахт ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамин тавр, 18-уми декабри соли 2021, тахминан соати 21:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Камри” Бобохонов Хисрав Убайдович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тути канори чапи роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашина, Исфандиёри Неъмати Шамсуддинзода, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button