ИқтисодКоррупсияНомаҳо ба президент

“БУЗКАШӢ”-И МАҚОМОТ БО ЗАМИНҲОИ ДЕҲАИ ДАШТИ ҚОЗӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон.

Панҷакент: Чаро раиси вилоят ва раиси шаҳр мехоҳанд заминҳои мардуми деҳаи Дашти Қозиро ба дигарон диҳанд?

 Муҳтарам Пешвои миллат, мо мехоҳем, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода  ба мо, сокинони деҳаи Дашти Қозӣ,  имкон диҳанд, то тавонем аз заминҳои саҳми худ оқилона истифода бурда, зиндагонии худро пеш барем.

Солҳои зиёд аст, ки баъди аз кор мондани пойгоҳи обкашии Дашти Қозӣ ва аз тарафи раиси идораи оби шаҳри Панҷакент Усмонов Қурбонмурод фурӯхтани насосҳои обкашӣ зиёда аз 200 га заминҳои обии деҳаи Дашти Қозӣ бе об мондаву ба заминҳои бекорхобида табдил ёфтааст.

 Мо, сокинони деҳа, дар заминҳои беоб фақат кишти лалмӣ мегузаронидем. Бо муроҷиатҳои пайвастаи сокинони деҳаи Дашти Қозӣ ба мақомоти марбута ва ҳатто тариқи ҳафтаномаи “Фараж” зӯри касе ба раиси идораи оби шаҳри Панҷакент нарасид ва то ҳоло ин сохторро роҳбарӣ мекунад. Бо дастгирӣ ва супоришҳои Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, бояд заминҳои бекорхобида обёрӣ мешуданд.

Раиси вилояти Суғд аз ин фурсат истифода бурда, ҳамроҳи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аз сокини Дашти Қозӣ хостанд,  ки заминҳои саҳмашонро ба соҳибкорони хуҷандӣ бидиҳанд. Ин дар ҳолест ки дар дашти ноҳияи Деваштич ҳазорон гектар замин бекор хобидаву ба шаҳри Хуҷанд хело наздиктар ҳам ҳаст.

Мардуми деҳа розӣ нашуда, аз раиси вилоят ва шаҳр талаб карданд, ки Шумо обро бароред, мо заминҳоро оқилона истифода мебарем. Агар лозим бошад, заминҳои санглохро тоза карда, дарахт мешинонему заминҳои нағзро барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлат аст, оқилона истифода мебарем, гуфтанд сокинон.

Шуғли асосии сокинони деҳа чорводорист ва қисме аз заминҳоро барои захираи хӯроки чорво истифода мебарем, зеро ҳоло нархи хӯроки чорво хело гарон буда, нархи як пресси алафи беда аз 50 то 55 сомонӣ ва пресси коҳ аз 38 то 45 сомонӣ ва нархи як кг ҷав аз 6 то 7 сомониро ташкил медиҳад. Пас аз рафтани раиси вилоят раиси шаҳр Холиқзода А аз паи манфиати шахсии худ гашта, бо як гуруҳ соҳибкорони шаҳри Самарқанд маслиҳат намуда, аз мо, сокинони деҳаи Дашти Қозӣ хост, то заминро ба самарқандиён бидиҳем, ки боғ бунёд намоянду агар касе хоҳад, аз онҳо 1 га боғро аз 80 то 100 ҳазор сомонӣ харидорӣ намояд. Ин бор низ мардум розӣ нашуда гуфтанд, раис, обро бароред, мо заминҳоро худамон истифода мебарем, хоҷат ба самарқандиҳо нест.

Раиси шаҳр ба ин ҳам қаноат накарда, бо раиси федератсияи бузкашӣ ва пойгаи шаҳри Панҷакент Раҳмонқул Каримов маслиҳат намуда, хостанд заминҳоро ба худи Раҳмонқул ва як сокини деҳаи Ёрӣ бо номи Ҳоҷӣ Маҳкамбой бифурӯшад. Ҳол он ки худи Раҳмонқул Каримов дар ҳудуди шаҳр ва назди сарҳад заминҳои зиёдеро соҳиб гаштааст. Дар деҳаи Ёрӣ низ замин зиёд асту сарфакоронву оқилона истифода намешавад.

Санаи 06.11. 2021 дар мусобиқаи бузкашӣ, ки дар деҳаи Ёрӣ баргузор гардида буд, Раҳмонқул Каримов ба воситаи баландгӯяк бе розигии саҳмдорони заминҳои деҳаи Дашти Қозӣ эълон кард, ки касе хоҳад, ман дар Дашти Қозӣ замин медиҳам, рафта боғ бунёд намояд.

 Магар раиси федератсияи бузкашӣ чунин ҳуқуқро дорад?

Ҳамавақт бо истифода аз номи Рустами Эмомалӣ чӣ коре хоҳад дар шаҳри Панҷакент мекунад ва обрӯи Рустами Эмомалиро дар назди мардум коста мегардонад.

Баъд аз ин раиси шаҳр бо раиси кооперативи истеҳсолии “Тавҳид” маслиҳат карда, заминҳои саҳми “Тавҳид”ро дар ҳаҷми 5 га ба сокинони деҳаи Киштӯдак доданд бо баҳонаиинки  гӯё онҳо замин надошта бошанд. Ба самъи Шумо мерасонем, ки ба сокинони деҳаи Киштӯдак раиси Кооперативии истеҳсоли “Тавҳид” Қурбонмуродов Холмурод ва корманди идораи замини шаҳр Икромов Азим заминҳои обии саҳми сокинони деҳаи Киштӯдакро  ғайриқонунӣ ба худашон барои бунёди манзил фурӯхтанд.

Ёдрас мешавем, ки Қурбонмуродов Холмурод дар замини обӣ ба сохтани майдони варзишӣ шуруъ карда буд, аммо бо муроҷиати пайвастаи сокини деҳа Субҳонқулов Исматилло нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шуда, дар асоси ҳукми суди шаҳри Панҷакент 18 000 сомонӣ ҷарима гаштаву сохтмони худсаронаи майдончаи варзишӣ дар замини обӣ манъ шуд. Аммо бо раиси шаҳр шудани Холиқзода А корманди идораи замини шаҳр Икромов А сертификат карда дода, сохтмони майдончаи варзиширо дар замини обӣ боз иҷозат доданд.

Санаи 07.12. 2021 зимни сафари раиси вилоят ба бунёди хатти оби полезӣ шуруъ намудаву гӯё дар 5 га замин дарахти чормағз шинониданд. Аммо баъд аз рафтани раиси вилоят дарахтон нобуд шуданду касе намедонад, ба куҷо бурданд? Раиси шаҳр ба ин ҳам қаноат накарда, дар вохӯриаш бо мардум таҳдид карда мегӯяд, ки Шумо пул надоред,  канӣ ҳунаратон? Боғ бунёд карда наметавонед. Баъд ман соҳибкоронро оварда, заминро ба онҳо медиҳам. Ҳар куҷое хоҳед, даъво кунед!

Аз ҳама ташвишовараш он аст, ки раиси шаҳр ба сокинони деҳа шарт гузоштааст,  то ниҳолҳоро аз як колхози Самарқанд харидорӣ намоянд. Ҳар як ниҳол аз Самарқанд 4 доллар арзиш дорад, ки нисбат ба нархи ниҳолҳо дар худи Тоҷикистон чанд маротиба гаронтар аст.

Чаро раиси шаҳр мехоҳад, ки мо, сокинони деҳа маҷбурӣ аз  он колхози Самарқанд ниҳол бихарем? Ҳол он ки дар кишвари худамон ниҳолҳои беҳтарин зиёд асту пул дар кишвари худамон мемонад?

Муҳтарам Пешвои миллат!

Чуноне огаҳед, бемории Covid 19 ба буҷаи ҳар як оила зарари худро расонид. Аммо раиси шаҳри Панҷакент ва раиси вилояти Суғд инро ба назар нагирифта, мо, сокинони деҳаро маҷбур мекунанд, ки то сафари кории Шумо ба шаҳри Панҷакент боғро бунёд намоем, вагарна заминҳоро ба соҳибкорони дигар медиҳанд.

Замин бояд дар дасти деҳқон бошад, на соҳибкор. Муҳтарам Пешвои миллат, мо, сокинони деҳаи Дашти Қозӣ, дар ин муддати кӯтоҳ имкони пурра бунёд кардани боғро дар масоҳати 152, 63 га надорем ва аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки ба мо муҳлат диҳед ё нақшаи бунёди боғро, ки дар замини обӣ сурат мегирад, кам намоед.

 Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки зимоми раиси аз худ рафтаи шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқро бикашед, зеро мақсади ӯ хизмат ба халқ набуда, манфиати шахсиашро аз ҳама боло медонад ва бо мардум ҳамеша дағалона рафтор мекунад, ки ин боиси коста гаштани обрӯи давлат дар назди мардум мегардад.

Аз Шумо хоҳиш менамоем аз раиси шаҳр талаб намоед, то манфиатҳои шахсиашро як тараф гузошта, барои ба мардум фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва ободонии як гӯшаи ватани азизамон саҳмгузор бошад.

Дар охир аз Шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки муроҷиати моро баррасӣ карда, нисбат ба шахсони дар боло зикргардида чораҳои қонунӣ андешида шавад.

 Бунёди боғ дар қисмати заминҳои санглох амалӣ шуда, заминҳои беҳтар барои истифода ба сокинони деҳаи Дашти Қозӣ тақсим карда шавад, то мо, сокинон тавонем барои расидан ба ҳадафи асосии давлат: таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем.

Бо эҳтиром, як гуруҳи сокинони деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Дашти-Кози Дашти болоятро фурухтанд,
    Лолазори босафоятро фурухтанд,
    Боварам хаст барои нафси худ,
    Мазхаб фурушон номи Волоятро мефурушанд.
    Дашту кухсорат макони гургу паланг буд,
    Мардумонат хама боору нанг буд,
    Дашту кухсорат имруз макони рубохи ланч шуд
    “Лидерхоят” имруз беору нанч шуд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button