ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ДУ ЗАН БАРОИ ФУРӮХТАНИ БИЛЕТИ ҲАРБӢ: НАРХИ ЯК БИЛЕТ 10 ҲАЗОР СОМОНӢ БУДААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 декабр аз боздошти корманди комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Мавзуна Абдуллоева ва шарики ӯ Зарина Ғафурова бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мансаб ва кӯшиши ғайриқонунӣ фурӯхтани билети ҳарбӣ хабар дод.

Маркази матбуоти агентӣ гуфт, шаҳрванд “А” ба ин ниҳод бо ариза муроҷиат карда хостааст, то нисбат ба корманди комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо номи Абдуллоева Мавзуна Наимовна чораҳои қонунӣ андешида шавад.

“Зеро номбурда оиди омода карда додани билети ҳарбии корношоямӣ аз ӯ маблағи 10 000  сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 4000 сомониашро гирифта, боқимонда 6000 сомонии дигарро талаб карда истодааст. Дар натиҷа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз тарафи кормандони Агентӣ, Абдуллоева Мавзуна Наимовна баъда аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 6000 сомонӣ пора боздошт карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Агентӣ.

Дар ҷараёни амалҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки ба ин қазияи аз ҷониби Мавзуна Абдуллоева талаб карда гирифтани 10 000 сомонӣ пора  инчунин шаҳрванд Ғафурова Зарина Ибрагимовна низ алоқамандӣ дошта, бино ба иттилои Агентӣ, “номбурдагон маблағи тасарруфкардаро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.”

Дар ин робита нисбат ба Абдуллоева Мавзуна ва Ғафурова Зарина бар асоси  моддаи 247, қисми 2, бандҳои «б,в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ, ки боиси расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.  Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ, ё чизе бештар аз 5 доллар) ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари худи Абдуллоева ва Ғафурова ваё адвокату наздикони онҳо ҳанӯз дастрас нашудааст.

Фурӯши билетҳои ҳарбӣ дар баробари дигар роҳҳои халосӣ ҷустан аз хидмати ҳарбӣ яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол ҳазорон нафар аз ҷавонони синну соли хидматӣ барои раҳоӣ аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусола кӯшиш мекунанд, ки ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва афсарони қисмҳои низомӣ пул дода, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд ва бо ҳамин, аз ҷабру аз тарси “облава” халос шаванд. Вале мавридҳое ҳам буд, ки ҷавонони билети ҳарбӣ харидаро низ ба қалбакӣ будани ин санадҳояшон айбдор карда, боз ҳам ба артиш фиристода буданд.

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон ба қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва қонун дар бораи хидмати алтернативӣ тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, шаҳрвандон метавонанд худро қонунан аз хидмати дусолаи артиш халос карда, бо пардохти як маблағи муайян ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон маблағи халосӣ аз хидмати ҳарбиро ба андозаи 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян кардааст, ки дар соли 2021 он 25 ҳазору 200 сомониро ташкил медод. Соли оянда ба сабаби боло рафтани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи халосӣ аз артиш наздики 27 ҳазор сомонӣ, дақиқтараш 26 ҳазору 878 сомонию 32 дирамро ташкил хоҳад дод.

Вале бо вуҷуди фароҳам овардани чунин имконияти халосии қонунӣ аз хидмати ҳарбӣ бисёриҳо ҳамчунон талош доранд, ки бо додани пора худро аз хидмат халос кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button