ВидеоФарҳанг

“СИПОҲИ СУХАН”, “КАЙФАР” ВА ТАРҶУМАИ “ҚОНУНИ ТИБ” – ҒОЛИБОНИ “КИТОБИ СОЛ – 2021”

17 декабр дар Театри ба номи А.Лоҳутӣ маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол -2021” баргузор гардид. Аз рӯи шаш номинатсия 41 довталаб китобҳои худро барои иштирок дар ин озмун пешниҳод карда буданд.

Дар бахши назм китоби Беҳрӯзи Забеҳулло “Сипоҳи сухан” ҷои аввал, “Дидаи дард”и Гурез Сафар ҷои дуюм ва “Нотаи сабз”, аввалин китоби ашъори Раънои Хуршед, духтаре аз Панҷакент, ки соли 2020 ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷои сеюмро ба даст оварданд. Дар бахши наср ҷои аввалро китоби Диловари Мирзо бо номи “Кайфар” соҳиб шуд, ҷои дуюми насиби Сайидаҳмади Зардон ва Хушқадам Холиқов барои китоби “Кӯҳи оҳан” шуд ва ҷои сеюмро Холиқназар Ҷумъазода барои китоби ҳаҷвиёташ “Биё, ки фолат бинам” соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, маҷмӯаи дастаҷамъии “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” беҳтарин асари публитсистии соли 2021 эълон шуда, дар ин бахши, ба истилоҳ “сиёсӣ” Абдуллоҳи Раҳнамо бо китоби “Дидгоҳи давлатмеҳвар” ҷои дуюм ва  Ҷаъфар Ранҷбар  бо китоби “Тоҷикистони дирӯзу имрӯз”  ҷои сеюмро ба даст оварданд.

Ҳамчунин китоби Низом Қосим “Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа” беҳтари китоби шеъри кӯдакона ва китоби  Сафияи Носир “Ситорачаи даруни себ” беҳтари китоби насри кӯдакон дониста шуда, дар бахши тарҷума, шодравон Сайнуриддин Шаҳобиддинов  барои тарҷумаи шоҳасари Бӯалӣ Сино “Қонуни тиб” ҷои якум, Салими Зарафшонфар  барои китоби “Се шоҳкор”  ҷои дуюм ва

Бурҳон Салмон барои тарҷумаи китоби Элвира Султонова, “Бруно Ясенский ва Тоҷикистон”, ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Барои барандагони ҷойҳои аввал 1500 сомонӣ, барои барандагони ҷои дуюм 1000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 500 сомонӣ ҷоиза муқаррар шуда буд.

Муаллифони зерин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2021” гардиданд:

1. Дар номинаи китоби назм

1. Беҳрӯзи Забеҳулло “Сипоҳи сухан”, ҷои якум,

2. Гурез Сафар “Дидаи дард”, ҷои дуюм,

3. Раънои Хуршед “Нотаи сабз”, ҷои сеюм.

2. Дар номинаи китоби наср:

1. Диловари Мирзо “Кайфар”, ҷои якум,

2. Сайдаҳамади Зардон, Хушқадам Холиқов “Кӯҳи оҳан”, ҷои дуюм,

3. Холиқназар Ҷумъазода “Биё, ки фолат бинам”, ҷои сеюм.

3. Дар номинаи асарҳои публисистӣ:

1. Таълифи дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳоди Рӯзномаи “Ҷумҳурият”

“Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ”, ҷои якум,

2. Абдуллоҳи Раҳнамо “Дидгоҳи давлатмеҳвар”, ҷои дуюм,

3. Ҷаъфар Ранҷбар “Тоҷикистони дирӯзу имрӯз”, ҷои сеюм.

4. Дар номинаи асарҳои назми бачагона:

1. Низом Қосим “Чӯҷа, ҷӯча ва хӯҷа”, ҷои якум,

2. Маҳбуба Неъматова “Одоб ҳусни инсон аст”, ҷои дуюм,

3. Нуруллои Ориф “Барбоси ман”, ҷои сеюм.

5. Дар номинаи асарҳои насри бачагона:

1. Сафияи Носир “Ситорачаи даруни себ”, ҷои якум,

2. Баҳром Фирӯз “Бобо” (ба забони русӣ), ҷои дуюм,

3. Дурдонаи Зафар “Дӯстӣ бузург”(ба забони англисӣ), ҷои сеюм.

6. Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ:

1. Сайнуриддин Шаҳобиддинов “Қонуни тиб”, ҷои якум,

2. Салими Зарафшонфар “Се шоҳкор” Луиҷи Пиранделло “Шодравон Матиа Паскал”, Френсис Скотт “Гетсбии муаззам” ва Ҳерман Ҳессе “Гурги даштӣ”, ҷои дуюм,

3. Мутарҷим Бурҳон Салмон Элвира Владимировна Султонова, “Бруно Ясенский ва Тоҷикистон”, ҷои сеюм.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button