ИқтисодКоррупсия

ШИШАҲОИ МОШИНИ ЯК КОРМАНДИ АНДОЗРО ДАР ИСТАРАВШАН ЗАДА ШИКАСТААНД

Бино ба иттилои як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд кадоме аз соҳибкорони ба ҷонаш расида шишаҳои мошини як корманди нозироти андозро  зада шикастааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ин ҳамла ба мошини корманди андоз дар поёни моҳи ноябр, дар рӯзҳое, ки кормандони андоз ба хотири пур кардани нақша соҳибкоронро ба ҷону ҳолашон мерасонанд, рӯй додааст.

“Ҳодиса тарафи бегоҳ рӯй додааст ва касе шишаҳои мошини “Опел Астра”-и Хушнуд ном як корманди андозро, ки дар назди бинои нозироти андоз гузошта буд, бо санг зада шикастааст. Вақти ин ҳодиса ҳама кормандони андоз дар ҷои кор будаанд, чунки дар поёни моҳ ба хотири пур кардани нақша онҳо то поси шаб кор мекунанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ин корро кадоме аз соҳибкорон кардааст, вале то ҳол ягон нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса дастгир накардаанд. Худи мақомот низ чандон моил нестанд, ки таги ин масъала кофта шавад.  Он корманди андоз бо номи Хушнуд баъди он ҳодиса ба рухсатӣ фиристода шудааст”, – нақл кард манбаи “Бомдод”.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. Мақомоти андоз ва корҳои дохилии Истаравшан ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони андоз ба далели фишорашон ба мардум ва бахусус ба соҳибкорон вирди забонҳо қарор мегиранд.

Дар баҳори соли 2019 дар Интернет видеое нашр шуд, ки чӣ гуна соҳибкорони як бозор дар Шаҳритӯс кормандони андозро, ки дӯконҳои онҳоро бастанд, дунболагирӣ мекунанд.

Ба он видео ҳатто президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кард ва  моҳи майи соли 2019  дар мулоқоташ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз кормандони андоз бо як лаҳни тунд интиқод кард ва гуфт, ки  онҳо мардумро ба ҷон расондаанд: “Масъала дар интихоб ва ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аст. Кадрҳо на аз лиҳози касбият, фақат аз лиҳози кӣ хешу табори кӣ аст, таъйин карда мешаванд. Маълумоташро ҳам нигоҳ намекунанд, саводашро ҳам намепурсанд. Ва мисле ки дар ноҳияи Шаҳритӯс партофтанд ахиран дар Интернет. Тамошо кардед? Корманди андоз ба ҷони мардум расидагӣ!”

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки андозу гумрук ба манбаи даромади муфту ғайриқонунии як хайли бузурги фасодзада ва порахӯр табдил ёфтааст: “Дараи Ромит меравед, ин қаср аз кӣ аст, аз фалон корманди гумрук. Дар Қаротоғ қатор-қатор қасрҳо, аз кӣ аст, аз кормандони гумрук. Дар Варзоб аз кӣ аст, аз кормандони гумрук. Ягонтоат бекас нестед. Вазорати маориф ё иқтисод касе кор намеравад. Раиси шаҳру ноҳия мекобем, кадр нест. Барои кор дар гумруку андоз – навбат! Ман назорат мекунам. Агар даркор шавад, ҳамин бегоҳ дар телевизион тамошо мекунед, ки қасрҳои кист? Мошинҳои кист? Нишон тиям? Сарвазир Қоҳир Расулзода, Комиссияи аттестатсионӣ сохта, тамоми ин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст! Моликияташонро декларатсия кунанд. То хусуру хушдоманҳояшон! Бо як фармон ҳамаатро ҷавоб медиҳам!”

Баъди он суханронии пуринтиқоди президент як шумори бузурги кормандони баландпояи Кумитаи андоз, бо шумули муовинони раиси ин кумита ва сардорони нозироти андоз дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин сардори раёсати андози вилояти Хатлон аз мақомҳояшон барканор карда шуданд, вале баъди чанде маълум шуд, ки тақрибан ҳамаи онҳо ба мансабҳои нави ҳамчунон роҳату “равғанӣ”   таъйин шудаанд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button