ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТУРКИЯ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ “БАЙРАҚДОР” ХАРИД (6 АКС)

Рӯзи 18 декабр ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) ҳавопаймоҳои бесарнишинеро, ки ахиран аз Туркия барои тақвияти нирӯҳои марзбонии Қирғизистон харидааанд, намоиш додаанд.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки “ба раҳбари давлат дар бораи низоми идораи ин бесарнишинҳо нақл карда, чӣ гуна кор кардани онҳоро намоиш доданд.” Хадамоти матбуоти президент  таъкид кардааст, ки “ин дастгоҳҳо пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ харида шуда, барои таъмини амнияти мудофиавии кишвар, аз ҷумла барои ҳифҳи марзҳои давлатӣ истифода хоҳанд шуд.”

Хадамоти матбуоти президент миқдори ҳавопаймоҳои бесарнишини аз Туркия харидашударо нашр накардааст, вале чанд моҳ пеш мақомоти қудратии Қирғизистон гуфта буданд, ки мехоҳанд аз Туркия се ҳавопаймои бесарнишини “Байрақдор” бо як истгоҳи идораи онҳо ва ҳамчунин аз Русия чанд ҳавопаймои бесарнишини “Орион” харида, онҳоро пеш аз ҳама барои таҳкими ҳифозати қитъаҳои мушкилзои марз бо Тоҷикистон истифода кунанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи он муноқишаи хунин марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистонро танҳо баъди  ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button