ВидеоИқтисодКоррупсияҶомеа

МОҶАРОИ СОКИНОНИ СЕПУЛА БО ФУТБОЛБОЗ ИЛҲОМ БАРОТОВ: ШАРҲИ ШАҲРДОРИИ ИСТАРАВШАН (ВИДЕО)

Шаҳрдории Истаравшан дар саҳифааш дар Фейсбук гузориши сомонаи “Паём” дар бораи эътирози сокинони деҳаи Сепуларо  туҳмати “беасосу муғризона” ва “буҳтони хоинони миллату давлат бо пули хоҷаҳои хориҷиашон” номида,  рад кардааст. Аммо шаҳрдорӣ ҳамзамон вуҷуди ихтилоф байни сокинони деҳаи Сепула ва капитани дастаи футболи “Истаравшан” Илҳом Баротовро, ки мехоҳад дар ин деҳа варзишгоҳ бисозад, тасдиқ мекунад.

Дар видеое, ки “Паём” нашр кард, дида мешуд, ки як гуруҳи сокинони Сепула ба нишони эътироз сангҳои барои сохтани варзишгоҳ овардаи Илҳом Баротовро берун мепартоянд  ва мегӯянд, ба инки заминҳои деҳаҳои онҳоро ба бегонаҳо фурӯхтаанд, розӣ нестанд. Сокинон бар инанд, ки касе аз мансабдорони пурнуфуз аз обрӯи Илҳом Баротов сӯиистифода карда,  ин заминро ба номи вай харидааст, то сокинон эътироз накунанд.

Вале ба иттилои шаҳрдорӣ, бо қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 31 декабри соли 2018, №541 ба Баротов Илҳом барои бунёди маҷмааи варзишӣ  дар ҳудуди ҷамоати Пошкент 45 садяк (сотих) замин ҷудо кардаанд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, Илҳом Баротов яке аз беҳтарин футболбозони нафақат дастаи “Истаравшан”, балки ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва тасмими барои ӯ ҷудо кардани замин барои сохтани маҷмааи варзишӣ, ки тибқи лоиҳа, аз якчанд майдончаи варзишӣ ва мавзеи фароғатӣ иборат аст,  бо мақсади “ҳавасмандгардонии варзишгар ва муҳайё кардани шароити машқварзии ҷавонону наврасон, аз ҷумла ҷалби онҳо ба футбол роҳандозӣ гардидааст.”

“Мутаассифона, бо мақсадҳои ғаразнок, аз ҷумла барои ғайриқонунӣ ғасб намудани замин, бархе аз сокинони деҳаи Сепула, ки замини болозикр дар ҳудуди ин деҳа мебошад, аз соли 2018 инҷониб ба оғози корҳои сохтмонӣ монеаҳои сунъӣ эҷод карда, бо ин мақсад сокинони деҳаро низ ҷалб намудаанд ва охирин ҳодисае, ки навори он мақсаднок нашр гардид, идомаи ҳамон монеаэҷодкуниҳои сунъӣ мебошад. Новобаста аз ин, субҳи 18 декабри соли 2021 роҳбарияти шаҳри Истаравшан дар деҳаи Сепула бо сокинон мулоқот анҷом дода, моҳияти масъаларо баррасӣ кард ва ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва минбаъд роҳ надодан ба чунин амалҳоро қотеона таъкид намуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи шаҳрдории Истаравшан.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button