ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ҶАСАДИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВРО БАРОИ ТАШХИСИ ДУБОРА АЗ ГӮР БЕРУН ОВАРДААНД

Ҷасади Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки  марги шубҳабарангези ӯ баъди боздошташ дар санаи 25-уми ноябр боиси эътирозҳои чандрӯза дар шаҳри Хоруғ шуд, барои ташхиси дубора аз гӯр берун овардаанд.

Интизор Зиёбеков, бародари Гулбиддин Зиёбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Гулбиддинро рӯзи 11-уми декабр дар ҳузури намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ аз гӯр берун оварданд. Ӯ гуфт, ба хотири тафтиши одилонаи парванда ба берун кардани ҷасад ризоият доданд.

Пайвандонаш ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки коршиносони судӣ-тиббӣ барояшон гуфтаанд, эҳтимол дар ҷасад ду тир боқӣ мондааст ва онро барои санҷиш бояд берун оранд.

Ба гуфтаи Интизор Зиёбеков, дар ин ташхис маълум шудааст, як тир дар камари ӯ зада шудааст ва аз дилаш берун шудааст.

“Онҳо чӣ ёфтанд ва ба чӣ натиҷа расиданд, ҳоло то охири тафтишот бояд интизор шавем. Ҳангоми берун кардани ҷасад намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳи онҳо буд”, – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, Гулбиддин Зиёбековро рӯзи 25 ноябр дар Тавдем дастгир карда, ба Хоруғ бурданд. Ин сокини Тавдем ба гаравгон гирифтани ёрдамчии прокурори ноҳияи Роштқалъа Абдусаттор Абирзода айбдор мешуд. Баъдан гуфта шуд, ки ӯ гӯё дар роҳ бар асари захмҳои ҳангоми боздошт бардоштааш ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, ки Зиёбеков ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва ба ин далел, ба зидди ӯ аз силоҳ истифода бурданд. Аммо сокинони Тавдем мегӯянд, ки Зиёбеков он рӯз силоҳ надошт ва сокинон таҳти фишори мақомот аз тарс имзо кардаанд, ки ӯ гӯё бо таппонча мусаллаҳ буд.

Дар ҳар сурат, як гуруҳи сокинони Бадахшон рӯзи 25 ноябр ҷасади кафанпеч ва хунолуди Гулбиддин Зиёбеков дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карда, сипас бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони гунаҳкор дар марги ӯ дар майдони Исмоили Сомонӣ дар рӯбарӯи бинои ҳукумати ВМКБ гирди ҳам омаданд. Ин эътирозҳо дар Хоруғ 4 рӯз давом кард ва танҳо баъди ваъдаи мақомот барои таҳқиқи муштараки парвандаи марги Зиёбеков мардум хона ба хона пароканда шуд.

Барои тафтиши марги ин сокини Тавдем як гуруҳи махсус иборат аз 20 корманди мақомоти тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Хоруғ ташкил шудааст.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз рафти тафтиши парвандаи Зиёбеков ва иҷрои дигар талабҳои эътирозгарон норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, аз ҷумла то ҳол дар Хоруғ ва атрофи он алоқаи мобил ва Интернет пурра барқарор карда нашудааст.

Ахиран Хурсанд Мамадшоев, як узви  “комиссияи 44”, ки эътирозгарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интиход кардаанд, гуфт,  намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба нишони эътироз аз идомаи ҳамкорӣ дар комиссияи таҳқиқи марги  Гулбиддин Зиёбеков муваққатан даст мекашанд. Аммо Хуҷамрӣ Пирмамадов, масъули дафтари матбуоти ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, онҳо омодаи ҳамкорӣ ҳастанд, то воқеият рӯшан шавад. Пирмамадов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мақомот дар иҷрои талабҳои эътирозгарон, аз ҷумла барқарор кардани алоқаи мобил ва Интернет саҳлангорӣ нишон медиҳанд ва ба таҳқиқи марги Зиёбеков низ ҷиддӣ муносибат накарда истодаанд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ҳамчунин мехоҳад аз мақомот рӯшан кунад, ки чаро дар ҷараёни эътирозҳои рӯзҳои 25-28-уми ноябр  аз силоҳ истифода шудааст? Қарори маълум, дар он рӯзҳо дар умум 3 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафар аз сокинон ва 12 корманди мақомот захмӣ шуданд.

“Чаро аз гази ашковар, аз чӯбдаст, аз гулӯлаи резинӣ ва ё аз имконоти дигар истифода нашуду аз силоҳ истифода карда шуд? Мо дар гирдиҳамоиҳоии дигар кишварҳо, дар шабакаҳои телевизион мебинем, ки ҷониби тазоҳургарон чунин муносибат намешавад”, – гуфтааст яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ба Озодӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button