ВидеоТаърихТоҷикистон

ДАРГУЗАШТИ МАҲМАДИ ХИРС- МУҲОФИЗИ ФАРМОНДЕҲИ ФРОНТИ ХАЛҚӢ ФАЙЗАЛӢ САИДОВ

Маҳмад Қудратов, маъруф бо лақаби “Маҳмади Хирс”,  муҳофизи собиқи яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ Файзалӣ Саидов, шаби 15 декабр дар синни 56 дар манзилаш дар шаҳри Бохтар бар асари сактаи қалб вафот кард. Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки Маҳмади Хирсро рӯзи 16 декабр дар зодгоҳаш: қитъаи сеюми ҷамоати ба номи Кирови ноҳияи Вахш ба хок супурданд.

“Бегоҳи 15 декабр Нусрати директори корхонаи текстили Бохтар барои табобат ба Туркия парвоз мекард. Маҳмади Хирс Нусратро гусел карда, ба хонааш баргашт ва таҳорат карда, намози шомро хонд. Вале ҳанӯз то намози хуфтан норасида, дилаш зад ва якбора ҷон дод”, – нақл кард як нафари наздик ба хонаводаи Маҳмади Хирс.

Маҳмади Хирс аслан аз қитъаи сеюми ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш буд, вале ягон 10 соли охир дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекард.

Ӯ ва Нуралӣ Фақиров, маъруф ба Нури Фақир, ду муҳофизи асосии Файзалӣ Саидов, яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буданд. Баъди кушта шудани Файзалӣ Саидов дар як тирпарронии мармуз бо Сангак Сафаров, сарфармондеҳи Фронти халқӣ, дар баҳори соли 1993, Нури Фақир соҳиби мақоми комисарри ҳарбии вилояти Хатлон шуд ва дар ин мақом то соли 2017, беш аз 20 сол кор кард. Баъди тарки ин мансаб Нури Фақир ба ҳайси мушовири вазири мудофиаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор мекард ва ҳамин тавр таваққуфгоҳи асосии таксиҳои водии Вахш дар шаҳри Бохтарро ба Нури Фақир марбут медонанд.

Аммо Маҳмади Хирс ягон мансаб нагирифт ва ба тиҷорат машғул шуд. Ӯ аз ҷумла чанд мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин дошт ва аз Имороти Арабу Туркия ҳамчунин барои фурӯш мошин ва молҳои дигар меовард.

Исми Маҳмади Хирс ва Нури Фақир моҳи августи соли ҷорӣ вақте дубора дар забонҳо афтод, ки  ҳардуро барои чанд рӯз бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Хӯҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-Командир, фармондеҳи собиқ ва ҳоло зиндонии Фронти халқӣ, дастгир карданд.

Манбаи “Бомдод” гуфта буд, мақомот бо кадом роҳҳое (маълум нест, зимни бозпурсиҳо ваё аз тариқи ба паҳлуи ӯ дар зиндон шинондани одамони худашон) маълумот ба даст овардаанд, ки гӯё вақтҳои дар хориҷ аз Тоҷикистон дар ҳоли фирор қарор доштани Хӯҷа-Командир, Нури Фақир ва Маҳмади Хирс тез-тез ба аёдати ӯ ба хориҷа рафта, дар бораи вазъи парвандааш ва то куҷо имкон доштани қатъи ин парвандаю бозгашти Хӯҷа ба Тоҷикистон ба ӯ маълумот мебурдаанд.

Тасдиқи ин маълумот тавассути манобеи расмӣ  ҳанӯз муяссар нашудааст. Вале манбаи “Бомдод” гуфта буд, ки Нури Фақир барои раҳоӣ аз боздошт ҳатто чанд муддат дар бемористони бемориҳои рӯҳии Кӯктош (дар ноҳияи Рӯдакӣ) бистарӣ шуд. Нури Фақир ҳоло дар Бохтар ба сар мебарад ва аксари вақтро дар дафтараш дар паҳлуи таваққуфгоҳи таксиҳо сипарӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button