ВидеоИқтисод

ДАР БОЗОРИ “КОРВОН” ТАВАҚҚУФГОҲИ ШАШҚАБАТА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД (7 АКС)

Дар кӯчаи Шамсӣ, 10 шаҳри Душанбе таваққуфгоҳи наву замонавии бозори “Корвон” мавриди истифода қарор дода шуд. Ин таваққуфгоҳ дар байни як сол сохта шуда, масоҳаташ беш аз 14 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Таваққуфгоҳ аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бозори фурӯши маҳсулоти хӯрока ва меваву сабзавот бунёд шудааст ва дар 6 ошёнаи он дар як вақт метавонанд 448 мошинро нигоҳ бидоранд.

Дар таваққуфгоҳ лифт ва ҳоҷатхона низ ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи болоии бинои таваққуфгоҳ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст. Бино ба иттилои шаҳрдории Душанбе, аз ин марказ бо истифода аз 12 монитор ва 171 камераҳои мушоҳидавӣ масъулин тартиботи  бозорро назорат менамоянд. Дар асоси иттилоъ, тамоми таҷҳизоти техникии насбгардида насли нави ширкати “Хиквижн” буда, атрофи бозорро дар масоҳати бештар аз 2 ҳазор метри мураббаъ назорат менамояд. Дар ин марказ ҳамчунин системаи огоҳикунандаи зидди сӯхтор насб карда шудааст ва дар ҳолати бонги хатар аз ин ҷо муайян карда мешавад, ки ҳодиса дар кадом даромадгоҳ ва ё кадом қатори бозор рух додааст.

Дар айни замон сохтмони ҳудуди бозори “Корвон” дар асоси талаботи шаҳрдорӣ ва меъморӣ идома дорад. Дар ҷараёни шиносоӣ намояндагони шаҳрдорӣ аз қисмати шимолии бозор ки даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15-ро дар бар мегирад, боздид намуданд. Ин қисмати бозор аллакай пас аз азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуда, соҳибкорону соҳибмулкон ба тиҷорат машғул мебошанд. Ин қисмати бозор дар масоҳати бештар аз 33 ҳазору 135 метри мураббаъ бунёд карда шуда, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат аст. Даромадгоҳҳои бозор дар асоси лоиҳа бо санъати баланди меъморию гаҷкории миллӣ ороиш дода шудааст. Дар ин қисмат низ маркази назорати мушоҳидавӣ ҷойгир карда шудааст, ки дар он 24 монитор бо 366 адад камераҳои мушоҳидавӣ пайваст карда шуда, аз ҷониби масуълин ҳудуди бозор зери назорати шабонарӯзӣ қарор доштааст. Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии бозор дар ин қисмат яъне даромадгоҳҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буд ва корҳои сохтмонӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт. Ҳамзамон бо ин биноҳои хизматрасонии даромадгоҳҳои 1 ва 24-и бозор низ аллакай бунёд карда шудааст. Айни замон дар қисмати даромадгоҳҳои 8 ва 9 корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» дар масоҳати бештар аз 107 ҳазор метри мураббаъ дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, дар ин бозор беш аз 6 ҳазор нафар кор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button