ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ПИСАРИ КАРОМАТ ШАРИПОВ 7 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ДАСТИ КОРФАРМОИ ЗОЛИМ ХАЛОС КАРД (ВИДЕО)

Шаҳоб Шарипов, писари ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик равоншод Каромат Шарипов, рӯзи 16 декабр 7 муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки дар вилояти Оренбурги Русия 5 моҳ боз дар шароити ғуломӣ бепул кор мекарданд, аз дасти корфармои золимашон халос кардааст.  Аз ин 7 муҳоҷир 3 нафар ҳамроҳи Шаҳоб Шарипов ба шаҳри Маскав омада, алакай дар инҷо бо ҷойи кору ҷойи хоб таъмин карда шудаанд. Вале 4 нафари дигар баъди гирифтани паспортҳояшон аз дасти корфармо тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамон вилояти Оренбург барои худ ягон ҷойи кори дигар биҷӯянд.

Дар видеое, ки нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, ду нафар аз ин муҳоҷирон ба Шаҳоб Шарипов барои халос кардани онҳо аз дасти корфармои золимашон изҳори ташаккур мекунанд. Онҳо дар даст шиносномаҳояшонро бо ҳуҷҷатҳои дигари худ нишон медиҳанд, ки бо миёнаравии Шаҳоб Шарипов аз дасти корфармояшон пас гирифтаанд.

Яке аз нафарони наздик ба Шаҳоб Шарипов рӯзи 18 декабр дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин муҳоҷирони тоҷикро як ҳамватани худашон бо номи Муртазо Наботов бо ваъдаи 40-45 ҳазор рубл музди моҳона аз Тоҷикистон ба вилояти Оренбург оварда, дар як вагони барои зиндагӣ номуносиб ҷой кардааст ва дар тӯли 5 моҳ дар сохтмон бепул кор фармудааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, дар тӯли ин 5 моҳ онҳо ҳамагӣ як маротиба ва он ҳам ҳамагӣ 20-ҳазорӣ пул гирифтаанд ва дигар тамоми ин муддат бепул кор кардаанд.

Дар як видеое, ки қаблан ин муҳоҷирон ба ҳомиёни ҳуқуқ фиристода, хостори наҷот додани онҳо аз дасти корфармои золим шуданд, онҳо шароити хеле бади вагонеро, ки онҷо зиндагӣ мекарданд, нишон медиҳанд, ва мегӯянд, Муртазо Наботов нафақат маоши онҳоро намедиҳад, балки шиносномаҳои ҳамаашонро ҳам гирифтааст ва иддао дорад, ки онҳо гӯё то ҳол пули қарзи роҳкирою патенташонро дар пеши вай адо накардаанд.

Каромат Шарипов, раҳбари Федератсияи муҳоҷирони СНГ ва Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия эътироф шуда буд. Дар поёни соли 2017 мақомоти Русия шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор карда, ӯро тавассути ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон депортатсия карданд. Каромат Шарипов хеле талош кард, то ғайриқонунӣ будани қарори лағви шаҳрвандиашро исбот карда, ба Русия баргардад, вале 9 майи соли 2020 дар синни 57 дар Тоҷикистон аз сактаи қалб вафот кард.

Писари ӯ Шаҳоб Шарипов баъди марги падараш гуфт, ки роҳи падарро давом хоҳад дод ва дар Русия ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул хоҳад шуд. Бо миёнаравии аз ҷумла Шаҳоб Шарипов моҳи октябр шиносномаҳои 110 муҳоҷири тоҷик, ки дар боғҳои себи ноҳияи Острогожски вилояти Воронеж чанд моҳ бепул кор карданд,  пас гирифта шуд. Ӯ ҳамчунин моҳи ноябр 18 муҳоҷири тоҷикро, ки дар Архангелск чандин моҳ барои ду миёнарави низ зодаи Тоҷикистон бепул кор кардаанд, низ аз ин ҳолати ғуломӣ наҷот дод ва ба Маскав овард.

Муртазо Наботов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button