ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

“КОМИССИЯИ 44” АЗ ИШТИРОК ДАР ТАҲҚИҚИ МАРГИ ГУЛБИДДИН ЗИЁБЕКОВ ДАСТ КАШИД

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ фаъолияти худро дар комиссияи таҳқиқи парвандаи марги Гулбиддин Зиёбеков ба далели дахолати беш аз ҳадди додситони ВМКБ Парвиз Орифзода ба кори ин комиссия муваққатан қатъ кардаанд.  Дар ин бора як намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ дар ин комиссия Хурсанд Мамадшоев ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода ва дигар мақомоти расмӣ ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд, вале Хурсанд Мамадшоев гуфтааст: “Мо шарт  гузошта будем, ки дар қадами аввал ба таҳқиқи ҳодисаи Тавдем (куштори Гулбиддин Зиёбеков) мутамарказ шавем. Онҳо таҳқиқро ба тарафи дигар тоб доданӣ ҳастанд”.

Рӯзи 14 декабр, дар пайи мулоқот бо Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Хоруғ гуфта буданд, ки ҳамкориро бо ВКД ва КДАМ қатъ мекунанд, вале бо прокуратура идома медиҳанд. Аммо ин дафъа, тавре ба назар мерасад, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз идомаи ҳамкорӣ бо комиссияи таҳқиқотӣ пурра даст кашидаанд. Мамадшоев гуфтааст, ки онҳо аз тасмими худ ҷиҳати қатъи  фаъолият намояндагони сохторҳои давлатӣ дар ин комиссияро расман хабардор кардаанд.

“Мо ба кори намояндаи Додситонии кулл дар комиссия эроде надорем, вале додситони вилоят ба ҳама кор дахолат мекунад ва эҳсос мешавад, ки мехоҳад кори комиссия ба тарафи тамоман дигар кашонда шавад. Ба кори комиссия халал мерасонад, ҷанҷол меандозад ва ошкоро дахолат мекунад. Ҳамаи ин моро маҷбур кард муваққатан кори худро қатъ кунем”, –  гуфтааст Хурсанд Мамадшоев ба “Азия Плюс”.

Комиссияи тафтишотии муштарак иборат аз 20 намояндаи мақомоти тафтишотӣ ва 6 нафар аз ҷомиаи шаҳрвандӣ дар пайи анҷоми эътирозҳои Хоруғ ташкил шуд. Як талаби асосии эътирозгарон, ки танҳо баъди онро пазируфтани мақомот мардум тарки майдон кард, зери назари ҷомиаи шаҳрвандӣ анҷом додани тафтиши парвандаи марги Гулбиддин Зиёбеков шуд. Маҳз марги мармузи ин сокини 29солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа баъди боздоштан дар санаи 25 ноябр боиси ҷасади Зиёбеков дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ роҳпаймоӣ кардану бо талаби ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги ӯ 4 рӯз дар маркази Хоруғ тазоҳуроти эътирозӣ барпо кардани сокинони Бадахшон шуд.

Рӯзи 16 декабр 44 нафар аз ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки эътирозгарон барои музокирот бо мақомот инбтихоб карда буданд, бо нашри як видео аз ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарон изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, дар ҳоле ки мардум ҳамаи талабҳои гузоштаи мақомот (озод кардани роҳи байналмилалӣ ва тарки майдон)ро иҷро кард, мақомот ҳеҷ як азх ваъдаҳои худ: таҳқиқи марги Зиёбеков ва дигар сокинони куштаву захмишуда, барқарор кардани алоқаи мобил ва Интернет, бардоштани посгоҳҳо, берун баровардани нирӯҳо ва ба ҷавобгарӣ накашидани иштирокчиёни эътирозҳоро иҷро накардаанд.

Қаблан КДАМ бо нашри як барномаи вижа дар ТВ Бадахшон ва Интернет Гулбиддин Зиёбековро “сркардаи гуруҳи ҷиноӣ” номид, ки ба гуфтаи мақомот, ниҳодҳои давлатиро писанд намекард ва гӯё ҳатто нақшаи табаддулот дар сар дошт. Дар ин барнома “саркардагони гуруҳҳои ҷиноӣ” ба ташкили эътирозҳои ахир дар Хоруғ айбдор гардида, аз онҳо даъват шуда буд, ки бо ихтиёри худ ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шаванд, вагарна нисбаташон “чораҳои қотеъ” андешида хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button