ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

ИЛҲОМ ТОҲИРОВ БА НИМФИНАЛИ ОЗМУНИ “ГОЛОС” РОҲ ЁФТ (2 ВИДЕО)

Овозхони зодаи Тоҷикистон Илҳом Тоҳиров дар давраи чорякниҳоии озмуни “Голос” дар Шабакаи якуми ТВ Русия низ ғолиб омада ба марҳалаи ниманиҳоии ин озмун роҳ ёфт. Илҳом шабӣи 17 декабр дар даври чорякниҳоӣ таронаи Марио Бионди бо номи “Love Is a Temple”-ро  иҷро кард.

Дар ин даври озмун аз ҳар устод сенафарӣ ҳунарнамоӣ карданд. Аз дастаи Дима Билан, ки овозхони тоҷик низ дастпарвари ӯст, Илҳом Тоҳиров, Юлия Курганова ва Ернар Содирбоев аз Қазоқистон ба саҳна баромаданд. Натиҷаи ҳунарнамоии ҳар овозхон бар асоси овозҳои додаи тамошобинон ва имтиёзҳои додаи устодашон баровард мешуд.

Дима Билан ба Илҳом 30%  дод ва ӯ аз ҳисоби тамошобинон боз 40,3% овоз гирифта, дар маҷмӯъ 70,3% ба даст овард. Аз рақибони ӯ Содирбоев 89,2% ва Курганова 40,5% овоз гирифтанд ва ба ин тартиб, Илҳом Тоҳиров ва Ернар Содирбоев ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дима Билан бо ситоиш аз шогирди тоҷикаш гуфт: “Илҳом, ту як инсони нотакрорӣ ва садои туро дигар ҳама мешиносанд. Ту алакай як хонандаи ҷаззоб ва бузург шудаӣ.”

Илҳом Тоҳиров 27 сол дошта, дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Ӯ Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хамт карда, 4 забон  – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хитоиро медонад ва чандин сол дар Хитой       кору таҳсил кардааст.

Мутаассифона, давраҳои охирини озмуни “Голос” бидуни яке аз устодонаш Александр Градский мегузарад. Овозхони маъруф рӯзи 28 ноябр аз олам чашм пӯшид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button