ВидеоҶомеа

БА 2000 МЕРАВЕД? БА 5000 ЧӢ? ҲАБСИ УМАРИ ДОМСОЗ – РОҲБАРИ ПУЛМАСТИ ЯК ШИРКАТИ СОХТМОНӢ БАРОИ ГАППАРТОӢ

Шаби 15-уми декабри солӣ ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ навор ва муроҷиати ду духтари ҷавони сокини пойтахт нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-530» рақами қайди давлатиаш 1968ММ01 паҳн гардид.
  Тавре дар он гуфта мешавад, ҳангоми дар ранги сурхи чароғаки роҳнамо бозистодани мошини ин ду духтар, дар ин лаҳза автомашинаи “БМВ” ба онҳо наздик шуда, ронандаи он ба гаппартоӣ ба духтарон шурӯъ  кардааст. Сипас ду маротиба бастаҳои маблағро нишон дода, маротибаи аввал бо пешниҳоди 2000 сомонӣ ва маротибаи дуюм бо пешниҳоди 5000 сомонӣ ҷавондухтарони муроҷиаткунандаро ба наздаш “даъват” намуда, бар замми ин онҳоро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додааст.

“Ами ози я мошин BMW 1968MM 01 да пробка пеши Садбаргда истодаги бдем бари мода истодай мастай я пачка пула нишон дода МЕГА 2000 сомонида мерен мо ответ надодем ай кафомон хай када омад бо мега 5000 да хай мерен .Акоратой бехад безеб кад”, навиштаанд ин ду духтар дар гуруҳи “Парвиз ТВ” дар Фейсбук.

Муроҷиати ин ду духтар вокунишҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор оварда, аксар аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хостанд, то амалу рафтори ношоистаи ҷавонони «пулмаст» дар доираи қонун мавриди санҷиш қарор ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

Дар натиҷаи санҷиш ва пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Сафаров Умар Маҳмадаминович, санаи таваллудаш 23.11.1993, зодаи шаҳри Ваҳдат, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи К.Сеткина, оиладор, соҳиби 2-фарзанд, директори ширкати сохтмонии ҶСП «ЭМКА ЭС-Т» мебошад, ки аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир ва ба мақомоти корҳои дохилӣ дастрас карда шуд.
  Зимни пурсиш ва санҷиши воқеъбинонаи ҳолати мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат шаҳрванд Сафаров Умар шаби 15-уми декабр тахминан соати 18:00 дақиқа дар хиёбони Рӯдакӣ назди меҳмонхонаи «Серена» нисбати 2 нафар ҷавондухтари муроҷиаткунанда дағалона рафтор намуда, барои онҳо маблағи пулӣ пешниҳод карда, ҳамзамон бо суханони қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст. Номбурда воқеан аз кирдори содирнамудааш изҳори таассуф намуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали нангин даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Сафаров Умар тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button