ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

243 ГУРЕЗАИ ТОҶИКРО ШАБИ 18 ДЕКАБР БА МАРЗИ БЕЛАРУС БО ПОЛШАВУ ЛИТВА МЕОРАНД

Телеграм-канали Nexta, як пойгоҳи иттилооти наздик ба мухолифини Беларус нусхаи номаи расмии сардори идораи роҳи оҳани Беларус (“Беларуская Чыгунка”) В.М.Морозов ба раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Гродно  Гой М.Б.-ро нашр кард.  Дар нома гуфта мешавад, ки шаби 18 декабр, соати 23:21 ба истгоҳи Гродно аз Русия як қатори роҳи оҳан бо 243 шаҳрванди Тоҷикистон (ҳама – мардон) меоянд. Аз шаҳрдории Гродно хоста шудааст, ки “бо мақсади пешгирӣ аз буҳрони инсонӣ” баъди омадани қатори роҳи оҳан дар худи вокзал ин шаҳрвандони Тоҷикистонро бо хӯроку либоси махсус таъмин кунанд, чунки, менависад сардори идораи роҳи оҳани Беларус,  “бино ба маълумоте, ки ҷониби Русия ироа мекунад, ин афрод дар як ҳолати мураккаби иҷтимоию маишӣ қарор доранд.”

Морозов менависад, ки идораи роҳи оҳан омадани ин қатор бо 243 шаҳрванди Тоҷикистонро бар асоси номаи сардори департаменти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ аз 6 декабр барномарезӣ кардааст.

Мақомоти расмии Беларус ва Русия ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

Шаҳри Гродно дар 15-километрии марзи Беларус бо Полша ва 30-километрии марз бо Литва ҷойгир шудааст. Мақомоти ин ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мақомоти Беларус ва ҳамчунин Русияро ба ҳадафмандона ба марзҳояшон интиқол додани ҳазорон паноҳҷӯ ва махсус эҷод кардани буҳрони муҳоҷирон дар Аврупо айбдор мекунанд. Варшава ва Вилнюс  аз ҷумла Беларусро ба он айбдор мекунанд, ки парвозҳои махсусро аз шаҳрҳои Ироқ ташкил карда, бо ҳавопаймо аз Ховари Миёна паноҳҷӯёнро оварда, ба марзи Иттиҳоди Аврупо мефиристад.

Вале ин бори аввал аст, ки дар бораи интиқоли муташаккилонаи якбора 243 паноҳҷӯи тоҷикистонӣ аз Русия ба марзҳои Беларус хабар нашр мешавад.

Мудири Бунёди ҳамгироии фарҳангӣ дар Полша Муҳаммадҷон Кабиров  дар мусоҳиба бо “Азда ТВ”  гуфтааст, ба паноҳҷӯёни тоҷик дар шароити кунунӣ истифодаи қаламрави Беларусро барои расидан ба Аврупо машварат намедиҳад:  “Тавсияи ман ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ ин аст, ки ба таблиғоти муҳоҷирати осон ва ваъдаи зиндагии хуб дар Аврупо бовар накунанд. Чун ба доми қочоқбарон гирифтор шуда, мавриди сӯиистифода қарор хоҳанд гирифт. Дар ин ҳавои сарди зимистон, ҷонашонро дар азоб намонанду дар хонаҳои гарми худ шинанд. Чун кишвари Белорус аз муҳоҷирин ҳамчун абзори фишор бар Аврупо кор мегирад ва хеле аз паноҳандагон ба умеди муҳоҷират ба Аврупо дар марзи Белорус дар ҳавои сард банд мондаанд ва беш аз даҳҳо нафар ҷонашонро дар ҷангалҳои сард ва ботлоқҳо аз даст доданд. Муҳоҷирон танҳо бо истифода аз роҳои қонунӣ ба Аврупо сафар кунанд ва барои муҳоҷират ба Аврупо аз роҳи Белорус истифода накунанд.”

Дар тирамоҳи соли ҷорӣ мақомоти Полша дар бораи боздошти дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми кумак ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирону паноҳҷӯён ба қаламрави ин кишвар хабар доданд ва ҳушдор доданд, ки хориҷиёне, ки барои кумак ба интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ба даст меафтанд, аз Полша ихроҷ карда хоҳанд шуд. Дасти кам ду нафар аз тоҷикҳои дар Полша дастгиршударо алакай ихроҷ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button