ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ШЕЪРИ МО – ЗОДРӮЗИ ГУЛРУХСОРИ МО

Сатри ин зан сатри шеъри ноби ӯст,

Чашмбандаш биниши ноёби ӯст.

Бо он ҳама шӯру шарар, бо он ҳама нирӯву ҷавонӣ, бо ҳама исёну туғёне, ки дар ӯ мебинем, кӣ бовар мекунад, ки Гулрухсор Сафиева, Зане, ки худи мардум унвони “Модари Миллат”ро барояш додааст, ин Шоири ширинбаёну исёнгар ва ҳамеша якдилу якрӯ, Гулрухсори мо имрӯз, 17 декабр, ба синни 74 мерасад?

Дар зеҳни ҳазорон мухлисаш Гулрухсори Сафӣ ҳамоно ҳамон духтари 17-солаи кӯҳистонист, ки аз деҳаи дурдасти Яхчи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба Душанбе омад. Нафақат барои таҳсил дар донишгоҳ, балки барои тасхири қалби мардум ва расидан ба баландтарин қуллаҳои шеър.

Дунболи шӯҳрат нарафт, балки ин худи шӯҳрат буд, ки аз ҳамон рӯзҳои аввали омаданаш ба Душанбе ба домани Гулрухсор сахт чанг зад ва хеле зуд минбарнишинаш кард. Донишҷӯ буд, ки шеъраш аз минбари баланди қасри Кремли Маскав ба дунё танин андохт ва ҳақ медод ба ин ситораи наву ҷавони адабиёти тоҷик, ки бигӯяд: Шукри Яхчу шукри Маскав…

Гулрухсор ҳамагӣ 23 сол дошт, ки китоби нахустини ашъораш – “Бунафша” бо дуои ду пири вақти адабиёти тоҷик – Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода аз дасти чоп берун шуд. Дар ҳамон синни 23 ба курсии сардабири нашрияи “Пионери Тоҷикистон” нишаст ва 12 сол ин нашрияи кӯдаконро чархонд.

Соли 1987 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон интихоб шуд ва маҷаллаи “Фарҳанг”-ро, ки ҳар шуморааш бо ҳарфҳои заррин дар таърихи фарҳангу матбуоти тоҷик нақш бастааст, ба роҳ андохт. Соли 1989 вакили парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Бо вуҷуди ин ҳама парвозҳои баланд Гулрухсор ҳамоне ки буд, боқӣ монд. Бо ҳама як буд – чӣ бо шоҳу вазир ва чӣ сағиру фақир. Дарди дили худашу мардумашро дар ҳама ҷо бе ягон ибо ва бо ҷасорат мегуфт. Аз касе ва аз чизе тарс надошт. Дар поёни соли 1992, вақте ҷангиёни Фронти халқӣ вориди Душанбе шуданд ва барои куштанаш омаданд, Гулрухсор ҳатто пеши ин силоҳбадастони бехун сар хам накард, балки бо ҳамон ҷасорати хосаш аз худ дифоъ кард.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари мардумаш Гулрухсор ҳам чанд сол тарки Ватан кард ва бо вуҷуди даъватҳои зиёд, то даме ки мардумаш барнагашт, ӯ ҳам аз ин имтиёзи корти бозгашт истифода набуд ва қатори мардумаш монд.

Ҳоло ҳам Гулрухсори мо ҳамон Гулрухсорест, ки 10, 20, 30 ва 40 соли пеш буд: Бо ҳамон неруву ҳамон ҷавонӣ, бо ҳамон рӯҳи пурисён. Аз маъдуд равшанфикрони тоҷик аст, ки чархи замона ивазаш накард, аз мавқеъ ва арзишҳое, ки мепарастад, ақиб нанишаст. Ҳамон Гулрухсор монд!

Гулрухсор дар баробари Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир яке аз чор сутуни шеъри муосири тоҷик буд, ки баъди даргузашти он се Шоири бузургамон танҳо мондааст, вале бо ин вуҷуд бо он тани нозукаш сақфи бинои адабиётро имрӯз ба танҳоӣ рустамона рӯи шонаҳои худ нигоҳ доштааст.

Зодрӯз муборак, Устод Гулрухсор!

ТАРҶУМАИ ҲОЛ ВА ОСОРИ ГУЛРУХСОР

Гулрухсор Сафиева 17 декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нурободи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1970-1981) кор кардааст.

Гулрухсонр солҳои 1987-1993 раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буд. Ӯ Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африко, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991). Президенти Академияи байналмилалии фарҳанги ЕвроОсиё (1994 – 2004, Русия) буд.

Эҷодиёт

Асарҳои Гулрухсор Сафиева (назму наср ва илм) ба забонҳои гуногуни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣва мамолики ҷаҳон нашр шудааст. Ӯ авввалин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар давлатҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мебошад. Аввалин шеъраш «Баҳор» 1962 унвон дошт. Шеъри ин шоираи наврас «Тоҷикистон» ҳамон сол дар рӯзномаи ноҳиявии Ғарм «Қаротегини советӣ» чоп шуд. Аввалин маҷмӯаи шеъриаш «Бунафша» соли 1970 бо дуои устод Мирзо Турсунзода ва пешгуфтори устод Боқӣ Раҳимзода ба дасти мухлисонаш расид. Ин маҷмӯа аз шоири ҷавону ояндадор будани Гулрухсор ба ворисони шеъри ноб мужда медод.Ба дунбол китобҳои «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975),«Афсонаи кӯҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984, бо ҳуруфи форсӣ), «Сипар» (1984, бо ҳуруфи форсӣ) «Оинаи рӯз» (1984), «Шабнам» (1986), «Рӯҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи кӯҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2000, 2004, 2013), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Девон» (2006), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009) «Шӯъла дар санг» 2011, «Таронаи Ватан» 2012, ба нашр расиданд. Дар Эрон ҳашт китоби шеъру насри Гулрухсор дар интишороти гуногун нашр шуда, намунаи ашъори шоир дар китобҳои дарсии Эрон таълим дода мешавад.

Осор

·1. Бунафша. – Душанбе: Ирфон, 1970.- 46 с.

·2. Хонаи падар: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1973.- 80 с.

·3. Шабдарав: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 64 с.

·4. Афсонаи кӯҳӣ. – Душанбе: Маориф, 1975.-32 с.

·5. Дунёи дил: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1977.- 191 с.

·6. Ихлос: Шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1981.- 128 с.

·7. Оташи Суғд: Китоби шеърҳои нав.-Душанбе: Ирфон, 1981.- 160 с.

·8. Оинаи рӯз.- Душанбе: Ирфон, 1984.- 176 с.

·9. Гаҳвораи сабз. – Душанбе,1984 (бо ҳуруфи форсӣ),

·10. Сипар. – Душанбе,1984 (бо ҳуруфи форсӣ),

·11 Шабнам: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1986.-63 с.

·12 Рӯҳи Бохтар: Шеърҳо ва достонҳо. – Душанбе: Адиб, 1987.- 400 с.

·13. Қасидаи кӯҳистон: Маҷмӯаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб,1988.-240 с.

·14. Занони Сабзбаҳор: Роман. – Душанбе: Адиб, 1990.- 320 с.

·15. Тахти сангин. – Душанбе: Адиб, 1992. – 160 с.

·16. Зодрӯзи дард: Маҷмӯаи шеърҳои нав.- Москва: Манзума, 1994.-128 с.

·17. Зан ва ҷанг: Маҷмӯа. – Душанбе: Матбуот, 2001.- 200 с.

·18. Девон: Девони ишқу ханда. – Душанбе: Пайванд, 2004.- 958 с.

·19. Сад барги ғазал. – Душанбе,2007,

·20. Ҷовидона. – Душанбе,2009)

·21. Шӯъла дар санг. – Душанбе: Адиб, 2011.- 384 с.

·22. Таронаи Ватан: Шеърҳо.- Душанбе: ТҶБ Истиқбол, 2012.- 90 с.[2]

Мукофоту ҷоизаҳо

·Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1976);

·Ҷоизаи ВЛКСМ (1978);

·Ҷоизаи Америкоии ба номи Х. Хамет (1994);

·Шоири халқии Тоҷикистон (1999);

·Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(2003).

СИЁВУШ: ГУЛРУХСОР БЕШ АЗ ИНХОРО ТАХАММУЛ КАРДА АСТ

Дар остонаи зодрӯзи Устод

Ин порае аз мусоҳибае бо як хонуми адабиёшинос ва рӯзноманигор аст. Мусоҳибае бисёр тӯлонӣ ва пур аз тафсилотку тафсирҳост. Ман намедонам, ки ин он мусоҳиба билахира чоп шуд ё хайр. Дар ҳар сурат, имрӯз дар остонаи рӯзи таваллуди Устод салоҳ дидам, ки ин пора аз он мусоҳибаи кӯҳнаро бо азизонам дар ин шабака ба иштирок бигзорам. Таваллуди Устоди бузургвор бар ҳар яки мо муборак бод!

1. Ҳар аср дар адабиёти мо як нобиғае ҳадя мекунад,ки ояндаҳо ба эҷодиёташон пайравӣ мекунанд, мепарастандаш, ғазалашро месароянд ва дар ҳавои он худ эҷод мекунанд. Солҳои 70-80 асри 20 бонуе рўи саҳнаи адабиёти тоҷик омад, ки бо эҷодиёти худ дар базму маҳфилњо як навъ ғулғула афканд. Ҷавонони ошиқ бо шеърҳои ў ба якдигар рози дил мекарданд.Чун ҳузури ў дар маҳфиле эҳсос мешуд, он маҳфили сухану шеъру таронаву ишқу зиндагӣ мегашт, то дерҳо аз дилу хаёлҳо зудуда намешуд. Ва айни замон эҷоди давраи соҳибистиқлолии Ватан ўро қавитару, меҳрашро нисбати Ватан ва миллат даҳчанд афзудааст.Шумо дарк кардед,ки ман дар бораи шоири пурқудрат ва дўстдоштаи миллат Гулрухсор ҳарф мезанам. Мехостам назари шуморо бидонам.

Шумо, ки худ ҳамаро гуфтед. Ман дигар чи бигӯям?! Шӯхӣ мекунам албатта. Дар воқеъ барои ман дар бораи устод Гулрухсор, ба таъбири мардумӣ бигӯям, гап тамомшавӣ надорад. Он чи ки шумо фармудед, дуруст аст. Воқеан вуруди Гулрухсор ба шеъри тоҷик монанди вуруди як Ситораи дунболадор бар Ҳарими Замин буд. Манзурам ҳамон ҷирми осмонӣ аст, ки дар илм Комета ном дорад. Фақат фарқ миёни Гулрухсор ва Комета он аст, ки ин дуввумӣ бисёр зуд хомӯш мешавад. Албатта дар назари мо заминиён хомӯш мешавад. Мо инсонҳои хокӣ мебинем, ки онҳо, ситораҳои дунболадор басуръат хомӯш мешаванд, аммо илми ситорашиносӣ мегӯяд, ки онҳо бармегарданд бар мадори худ. Гулрухсор Кометае ғайри оддӣ хаст. Берун аз ҳама қонуну қоидаҳои илмӣ ва ғайри илмӣ. Дар пиндори ман ӯ ситорае буд, ки аз мадори худ берун рафт, дар ҳарими сайёраи мо ворид шуд ва як гӯшаеро дар ин замини мо ва шумо барои зиндагӣ кардан пазируфт, ки номи он имрӯз Тоҷикистон аст. Ман намедонамин ситора дар он гӯшаи дуруфтода ва аз ёди худоёну бандагон рафта чи чиз писанди ӯ шуд. Вале ҳамон деҳаи кӯчаки қадимироро писандид, ки номаш Яхч буд, ва он Яхчро он қадар васфу тараннум кард, ки маҳбубу маъшуқи ҳамагонаш кард ва ин шояд мадори худро аз ёд бурд, ки барои ҳамеша бо мо, дар Тоҷикситон монд. Мо хушбахтем, ки бо инсоне чун Гулрухсор дар як сарзамин, ва дар як замон ба сар мебарем.

Аммо ин ки мегӯйед, “Ҷавонони ошиқ бо шеърҳои ў ба якдигар рози дил мекарданд.” Дигар ҳоло бояд бигӯям, ки ман худ дар бачагӣ номаи як духтари зеборо ба як ҷавон мебурдам ва ҷавоби он номаро ҳам аз ҷавон ҳам бозпас барои барои он духтарак меовардам. Номашонро бо иҷозаи шумо намегӯям, шояд имрӯз онҳо бо ҳам ба сар мебаранд, ё шояд дур аз якдигар ҳамсару ҳампои афроде дигар роҳи зиндагии худро месипаранд. Вале як сирро, ки солҳо пинҳон доштаам, имрӯз мегӯям, ман “почтальон”-и хуб набудам. Дар нисфи роҳ ҳатман он “хатча” – хоро боз мекардаму мехондам. Ва гар боз хам ошкортар бигуям, аз хондани он номахо ман ноумед мешудам, зеро ман, чун ҳар кӯдаки кунҷкоб шавқманди хондани чизҳои аҷибу ғарибе будам. Амо он ду барои якдигар шеър менавиштанд. Яке менавишт:

Ниҳон медоштам ишқи туро, лек

Миёни мардумон овоза гардид.

Азизам! Ишқ охир офтоб аст

Чи созам? Доманам онро напӯшид!

Дигаре дар посух навишта буд:

Зиндагӣ бодгар асту ману ту донаву коҳ,

Ба дили хок кӣ уфтад? Кӣ сари бод равад?

Зи дили санг баногаҳ кӣ бируяд ногоҳ?!

Оре, ин воқеъияти даврони наврасӣ ва ҷавониҳои мост, ки бисёр ҷавонон, чи духтар ва чи писар, эҳсосоти худро барои якдигар бо шеъри Гулрухсор иброз медоштанд, зеро шеъри устод ҳамсадои қалби ҳар инсони соҳибдард ва оишқ аст.

Чунин буд, ки номи Гулрухсор ва шеъри ӯ дар тамомии бачагии ман густурда буд, ки баъдҳо шояд дар ин бора бо сӯҳбате муфассал хоҳем дошт. Фақат мехостам ҳоло як мавриди дигарро аз он замон таъриф кунам. Дар мактабе, ки ман таҳсил мекардам як суннати хубе буд, ҳангоми танаффусхои тӯлонӣ аз тариқи радиёи мактаб матлабҳоеро пахш мекарданд, хабарҳое аз хаёти мактаб ва мисли инҳо. Ва муҳимтар аз ҳама ин буд, ки шеър мехонданд. Қиёмиддин Сатторӣ (Киёмиддин Саттори), рӯзноманигор ва пажуҳишгари шинохта) ва Гулнисо ном духтараке, ки дар синфҳои болойӣ таҳсил мекарданд шеърҳое аз ашъори классикон ва эҷодиёти шифоҳии мардумӣ ва шоирони муосири тоҷик мехонданд. Ҳамон вақт буд, ки китобҳои “Бунафша” ва “Дунёи дил”-и Гулрухсор чоп шуда буд ва ғулғулае на танхо дар Тоҷикистон, балки дар Шӯравӣ афганда буд. Қиёмиддин ва Гулнисо дар танаффусҳои тӯлонии мактаби мо аз ин ду китоб низ шеърхое мехонданд. Албатта онҳо бо ин кори худ айши маро, ки мехостам бо бачаҳои хамсолам бо истифода аз ним соати танаффус машӯули саргармихои бачагонаи худамон бошам, талх мекарданд, зеро аксар маворид мафтуни он шеърхониҳо, маҷзуби садои Қиёмиддин (Киёмиддин Саттори) ва Гулнисо мешудам ва аз ҳамсолонам канор мегирифтам. Зери радиоузели маутаб менишастам ва ба хониши онҳо гӯш фароҳам медодам. То хануз он садохои зебо ва пурэҳсосро дар ёд ва дар зеҳнам дорам, ки мехонданд:

Надорам ёд кай бори нахустин ман Ватан гуфтам,

Диёрам, кишварамро бо муҳаббат ҷони ман гуфтам.

***

Маро шабҳои бехобӣ хумори Яхч мегирад!

Ки дар як гӯшаи хоки Ватан аз чашмҳо дур аст.

***

Ману ту – кӯдакони бесари ишқ

Зи по уфтода дар поёни бозӣ,

Кунун ҳар кас равад бар хонаи худ

Лакоту хаста аз ин тоз-тозӣ.

***

Наврӯзи ман аз пушти дари хона гузашт,

Ҳушёри маро бубин – зи афсона гузашт!

Ҳоли дили ман фақат Зулайхо донад

Бас Юсуфи масти ман зи афсона гузашт!

Инҳо шеърҳоеанд, ки аз бараккати он рӯзҳои наҷиб барои ҳамеша дар хотираи ман боқӣ мондаанд. Ва баъд аз газалхои Хофизу Бедил ва таронахои мардуми, ки модарам бароям мехонд, шояд хамин ашъори Гулрухсор буд, ки бар калбу зехни ман ворид гардид. Ман хич шаке надорам, ки дар макону замонхои дигар бар калбу азхони хазорон ва хазорони дигар низ.

2. Ёдам ҳаст,ки дар маҳфиле Шумо Хонум Гулрухсорро ҳамчун устод ёд кардед ва иброз доштед,ки ҳамеша аз эҷодиёти ў илҳом гирифтаед. Дуруст аст?

Бале. Гулрухсор устоди ман аст. Ман нахустин дафтари шеърамро пеши у бурдаам. Росташро бигӯям он вақт ғарази ман аз рафтан пеши ӯ ин набуд, ки дафтари шеърамро нишонаш бидихҳм. Ман шояд шоири хубе нестам, аммо ҳамеша хонандаи хубе будам ва ҳастам. Шеърро хуб мешинохтам ва мешиносам. Аммо шеър барои ман он вағт баҳонае беш набуд. Ман он шеърҳоеро, ки менавиштам аксар шеърхои “альбомӣ” буданд. Барои кадом азизе, ки он замон наздиктарин инсон бароям буд, барои кадом дӯсте, дар рӯзи таваллуди ин як азизе ё рӯзи марги он дигаре. Аз ин қабил чизҳо. Аммо ман он вакт БОЯД Гулрухсорро медидам. Аммо на дар маҳфилу маҷлисҳои шеър, ки он вақтҳо хушбахтона бисёр баргузор мекарданд. Ман бояд Гулрухсорро аз пеш медидам ва саломи модарамро ба ӯ мерсондам. Ба ҳамин қасд дафтаре аз шеърҳоямро тартиб додам, пуле аз назари он замон калон харҷ кардам то онро мошиннавис кунанд. Зимнан, машинистка як зани яҳудии меҳрубоне буд. Ёдаш ба хайр. Вакте ки ман эрод мегирифтам, ки ин ё он калимаро нодуруст чоп карда аст ва бояд аз нав чопаш кунад, асабӣ мешуд, вале нишон намедод. Билахира як рӯз сабраш тамом шуд ва гуфт. “Слушай, у тебя здесь все одно и то же, одно и то же, одно и то же! Ман шеъри бисёр хондагӣ! Ту медонӣ ман шеъри киҳоя чоп кардагӣ! Не знааешь, поэтому молчи. Ман китоби Гулрухсора бо ҳамин машинка чоп кардагӣ! Вай манба притензия надошт! А ту бошӣ, бо ҳамин китобча предъявлеш мне претензии! Ты повторяешься бесконечно. Какая разница там одной буквы меньше или больше?!”

Баъд аз ин суханон, ки дар воқеъ мунсифона ва нахустин нақди адабии шеъри ман буд, ман он дафтаррро гирифтам ва бурдамаш ба Комибинати хизмати маъиишии “Садбарг”, он чо муқоввааш кардам ва рафтам пеши Гулрухсор. Ин ҳама ҷузъиётро гуфтам, то таъкид карда бошам, ки дидори Гулрухсор чи қадар бароям муҳим буд. Ва ба ӯ расондани саломи модарам, ки он вақт дигар дунёро тарк карда буд. То вориди кабинеташ дар Иттифоқи Нависандагон шудам ва дидамаш. Гулрухсорро! Дигар ҳама чиз аз ёдам рафта буд. Чи ҷои саломи модари раҳматияам, ки ба назарам, худам ба ӯ он вақт салом надодам. Моту мабҳут дар баробари ӯ истода будам. Ӯ чизҳое пурсид, ман чизҳое ҷавоб додам. Ёдам нест…

Шумо аз маҳфилхои шеърӣ ёд овардед. Ин яке дигар аз падидаҳои мусбати шуравӣ буд. Албатта маҳфилҳои шеър дар ҳама давру замонҳо ва ҳама маконҳои дунё вуҷуд доштанд. Шеъри точикӣ ё форсӣ, унвонаш муҳим нест, агар шеъри тасаввуф ва достонро канор бигзорем, ағлаб шеъри маҳфилӣ буд. Намунаҳое олиро аз шеъри маҳфилӣ дар торихи шеърамон дорем. Маҳофили адабии давронҳои сомониён, ғазнавиён, темуриён ва дигаронро ба ба ёд дорем. Аммо системаи шӯравӣ бар тибқи моҳияташ, ки танзими дунё бар пояи идеологияи худ буд, адабиётро, адибонро шеър ва шоиронро низ то ҳаде танзим карда буд. Дар асл ҳар давлате, ки идаъои адолат ва хидмати инсонҳоро дорад, талош мекунад, ки аз адабиёт, ва ба вижа аз шеър ки шояд одилтарин, инсонитарин ва зеботарин падидаи тафаккури инсон аст, истифода кунад. Давлати Шӯравӣ дар ин росто муваффак буд. Ҳамон маҳфилҳое,ки шумо аз он ёд овардед, як сохтор, ё институте баройи истифода аз зеҳни халлоқи шоирон ва нависанагон буд барои таблиги идеологияи худ. Саофи назар аз идеоогия, ин як падидаи ҷолибе буд ва осори ҷолиберо барои дунёи адаб ҳадя кард.

Евгений Евтушенко, Белла Ахмадулина, Андрей Вознесенский, Роберт Рождественский хатто Владимир Высоцкий дар адабиёти рус мисоли рушани ҳамон аст, ки гуфтем. Дар шеъри точик ин падида ихтисос меёбад ба номхои устодон Мумин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва Гулрухсор ва чанде дигар аз адибон, бо баргузории “шабҳои эҷодии” худ пайванди мардум ба шеър, ба адабиётро таъмин кардаанд. Холо дигар он шеъре ки солунхоро, стадионхоро, майдонхоро чамъ кунад, вучуд надорад. Он вакт, мардуми шӯравӣ ташнаи шунидани сухане берун аз мақолоту матолиби қолабии расмӣ, сухане тоза ва зинда буданд. Аз ин буд, ки шеъри онҳо мардумро чун парвонаҳоро гирди шамъ ҷамъ меовард ва сӯзу сози худро ба онҳо нақл ва интиқол мекард. Ман Гулрухсорро дар маҳфилҳои хоссаи шеър, дар солунҳо, дар майдонҳо ва дар боӯҳо дидаам ва шунидаам.

Як Наврӯзро Гулрухсор шаби шеър дошт дар солуни Иттифоққи нависандаҳо дар Душанбе ва фародояшро дар шаҳри Қурғонтеппа. Ман, ки он замон донишҷӯ будам, ҳарчи аз мумкину номумкин буд истифода кардам, то ҳам дар ину ҳам дар он ширкат дошта бошам. Маҳфили Душанбе, оре бисёр шодобу саршор буд. Аммо фардояш… Ман худамро бо аввалин автобуси саҳаргоҳӣ ба Қурғонтеппа расондам ва нисфи рӯз буд, ки дар боғи шаҳр мунтаззири оғози ашни Наврӯз бо ҳузури Гуорухсор будам. Он чи он рӯз, ки дар боғи марказии Қургонтеппа гузашт, аслан аз маҳдудаи ҳар таърифу таҳсин берун аст. Ман он ҷо дидам, ки нирӯи шеър яъне чи. Ҳам он ҷо буд, ки дидам муҳаббат ва ихлоси мардум яъне чи. Он вақт ин технологияҳое, ки имрӯз ситораҳои суруду тарона ва ҳатто ахиран адибон ба кор мегиранд, вуҷуд надошт. Ба эҳтимоли ғолиб, он вақт аз сӯйи хизби коммунист, ки тамомии қудратро дар ихтиёр дошт, дастур шуда буд, ки Гулрухсор биравад Қӯрғонтеппа. Ва ӯ ҳам рафт. Ӯ ҳам рафту як инкилоби шеърро дар дар зеҳну қалбҳои мардуми он минтақа эҷод кард.

… Як кокули дарози зебо дошт ба қадаш ва як шоли зебоеро ҳам бар шонаҳояш гирифта буд…

Абдуллоҳи Раҳнамо

САТҲИ ГУЛРУХСОР

Ёддоште дар зодрӯзи шоираи миллат

…”зеҳни насли мо ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрухсорро эътироф намекунад…”

Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор танҳо як зан ё шоира нест. Балки Гулрухсор як шоҳкор, як асари нодир, як нигораи арзишманд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ватандорӣ ва дар озодагию растагорӣ онро метавонад меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он рўҳия бисозад.

Агар бихоҳем, ки як бонуи ворастаи элитарии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ тасаввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ў ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат, пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд.

Ў дили як миллат, набзи як эҳё, гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст. Ӯ оташи як ҷасорат ва забони як рисолат аст.

Зуҳури ӯ як кушоиш ва омадани ӯ як эъломия буд:

“Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар кунам,

Бо килки шуъла қиссаи шаб мухтасар кунам!”

Дар заминаи истеъдоди зотӣ, тарбияти миллӣ ва пойдевори арзишию тамаддунии шахс, чунин чеҳраҳои хоссаи миллию ҷамъиятию фарошахсиятиро маҳз як шароити хоссаи таърихию фарҳангию сиёсию иҷтимоиву иқтисодӣ ташаккул медиҳад ва фақат дар он сатҳ ин сатҳ ҳосил мешавад.

Ба ин маъно, Гулрухсор рўҳи як марҳилаи томми набарди фарҳангию таърихии миллат, муҳсули як асри вусъату миқёсҳои бузург ва сатҳи биниши як абарқудрат аст. Ва чунон вусъате бояд, то чунин миқёсе ба даст ояд.

Бо зуҳури худ, бо парвозу сарнавишти худ, бо барқу шўру вулқони худ, бо саҳнаву андешаву будани худ Гулрухсор як намуна сохт, як фарҳанг офарид, як меъёр шуд, як инқилоб кард. Дар ин достон ҳамагон диданд, ки чи гуна метавон аз барқи кўҳистон хуршеди тобон сиришт, аз оташаки лола машъали миллӣ афрӯхт.

Ў на танҳо номи Гулрухсоро миллӣ кард, балки сабки Гулрухсоро ҳамагонӣ намуд, дарди Гулрухсоро умумимиллӣ сохт. Бо таъсири ў дар муҳити занони тоҷик насле шакл гирифт, ки забонаш, шеъраш, андешааш, арзишҳояш, ҳатто овозу қироату либосаш гулрухсорӣ буд ва ҳаст…

Аммо муҳимтар аз ин, гарчӣ ў ба сатҳи фаромиллӣ, ба сатҳи империя, ба сатҳи байналмилалӣ баромад, аммо дар ҳамаи ҳолатҳо, дар ҳамаи мансабҳо, дар ҳамаи саҳнаву сиёсатҳо миллӣ монд, тоҷикӣ монд, миллат гуфт, тоҷик гуфт, чавҳар гуфт, асолат гуят, забон гуфт, фарҳанг гуфт, эҳё гуфт. Нишон дод, ки чи гуна метавон баланд буду миллӣ буд, модерн буду миллӣ буд, муосир буду тоҷикӣ буд, ҷаҳонӣ буду миллӣ буд, вазиру вакил буду миллӣ буд, рўшан буду миллӣ буд.

«Дур рафтам, то туро наздик бинам,

Аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам,

Тоҷикистон!»

Ин аст, ки ў садои миллат, парчами бедории миллӣ, машъалаи рўҳи миллӣ шуд. Яқинан, мо дар таърихи навини фарҳанги худ бонуи дигаре бо ин дурахшу ин рўшаниву ин корнома ёд надорем.

Ин аст, ки падида ё феномени Гулрухсор чун падидаи милливу муосир дар шеър, дар забон, дар ишқ, дар рафтор фарогир шуд, бозтавлид шуд. Аммо афсус, ки бозтавлиди умумимиллии фикрӣ ва иҷтимоии ин сатҳ ва ин падида муяссар нагашт. Бо шикасти як равнади миллию таърихӣ дар панҷаҳои оҳанини ҷанг арзишҳои элитарӣ ба ҳошия рафт, сатҳи умумии фарҳангӣ суқут кард…

Ва ӯ ин дардро низ суруд:

“Охирин ҷанге, ки тоҷик метавонад кард андар ҳифзи худ,

Ҷанг бо фарҳанги бефарҳанг хоҳад буд!”

Аммо як воқеият ин аст, ки чун дар солҳои наврасию ҷавонии мо, дар марҳилаи ташаккули завқу бинишу фаҳмиши мо тандису улгуи зани озодаву огоҳу соҳибминбару соҳибмаърифату ватандору миллатдори тоҷик Гулрухсор буд, зеҳни насли мо, нигоҳи насли мо ба ҳамин сатҳ одат гирифтааст.

Аз ин рў, зеҳни насли мо то имрўз ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрухсорро эътироф намекунад. Балки дар пазируфтани сатҳе поинтар аз ў мушкил дорад. Балки чизе поинтар аз ӯро бар он таҳмил кардан мушкил аст…

Ин ҳақиқатро шояд бисёре аз ҳамнаслони мо эҳсос намоянд.

Ва ниҳоят, ҳам боиси ифтихор ва ҳам ҷойи таҳсину ҳайрат аст, ки ин шаҳбонуи фарҳангу адабтёти миллат то ҳануз он ҷойгоҳро нигоҳ дошт ва аз он сатҳ поин наомад ва меъёрро нашикаст.

Ҳолате, ки иззат бо шахсият ва истиқлоли миллӣ бо истиқлоли шахсӣ ба ҳам меоянд:

“Чист истиқлол, иззат доштан!”

Ҳеҷ ҳошияву маломат ин нурро тира накард, ҳеҷ инзивою гўша ўро кўҳна накард, на ба зоҳир, на ба ботин, на ба гуфтор, на ба андеша, на ба ҷойгоҳ…

То имрӯз ҳамон қудрату ҳамон гузашт:

“Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,

Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!”

То ҷое, ки имрўз низ, бе ҳеҷ мақому мансаб, бе ҳеҷ расмияту ҷамъият боз ҳам улгуст, боз ҳам меъёр аст, боз ҳам бонуи аввали фарҳангу адаби миллат аст, боз ҳам маҳбуби умум аст… Ва то ҳаст чунин хоҳад буд.

«Ҳар киро санге ба чанг уфтад, маро гирад нишон,

Зинда бодо пайкари обод дар вайронагӣ!»

Хуҷаста ва ҷовид бод гули ҳамешабаҳори шеъру фарҳангу рўҳи миллии мо.

Ҷони Сафарзода

Ҳар куҷо будам, китобаш руй мизи кори ман буд.Ва дар он ҳуҷраи кори баракат меорад.

То миллат ҳаст номаш дар дили ин миллат мемонад.

Рӯзи шеър рӯзи Модари ин миллат ба кули Тоҷикону форсзабонони дунё муборак бод!

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар маи Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Заррае некам агар дарси ту аз бар кардам,

Заррае хубам агар ҳусни ту мероси ман аст.

Кӯҳсорони ту аз нуқраву тиллост баланд,

Ту баландӣ зи баландии вафои писарон.

Сари ҳар сахра яке кулбаи сангист баҷой,

Ҳамраҳи меҳри ту олам ҳама ғунҷад дар он,

 Ватанам, эй Ватани майдаи мардони калон!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button