ВидеоКоррупсия

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БА КУШОДАНИ ПАРВАНДА ВА ҲАБСИ ЭРАҶ ШИРИНЗОДА ИҶОЗАТ ДОД

Рӯзи 17 декабр дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ вакилони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳоди прокурори генералӣ ҷиҳати бекор кардани дахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодӣ Ширинзода Эраҷ Сифот пазируфтанд ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият доданд.  

Хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳамин иҷлосия бо пешниҳодҳои президент, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа судяи Суди конститутсионӣ, Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Суди Олӣ ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад судяи Суди Олии иқтисодӣ таъйин гардида, Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ ва Ширинзода Эраҷ Сифот бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.

Хадамоти матбуоти Маҷлиси миллӣ дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани судяи Суди олии иқтисодӣ Эраҷ Ширинзода ягон тафсилот надодааст, вале таъбири “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” ҳангоми барканор ё бозхонди судя дар ҳолатҳои ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, асосан ба гирифтани пора даст задани онҳо ба кор бурда мешавад.

Президенти Тоҷикистон ҳанӯз як моҳ пеш: 17 ноябри соли 2021 ба Маҷлиси миллӣ дар мавриди аз вазифаи судяи Суди олии иқтисодӣ бозхондани Эраҷ Ширинзода пешниҳод ироа карда буд.

Эраҷ Ширинзода аз судяҳои собиқадор ба шумор рафта, дар гузашта чандин сол раиси додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ буд. 28 августи соли 2019 президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ширинзода мукофоти давлатӣ, медали “Хизмати шоиста” супурда буд. Ҳамон рӯз ба шарафи Эраҷ Ширинзода дар Суди олии иқтисодӣ ҷамъомади ботантана барпо намуда,  роҳбарият, судяҳо ва кормандон Ширинзода Эраҷро барои сазовор гардидан ба чунин мукофоти давлатӣ табрик ва муборакбод намуданд.

“Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда қайд намуданд, ки  Ширинзода Эраҷ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ софдилона ва поквиҷдонона  кор ва фаъолият  менамояд. Аз ин рӯ, Ширинзода Эраҷ барои фаъолияти босамар, сатҳи баланди дониши касбӣ, саривақт ва босифат баррасӣ кардани парвандаҳои судӣ, дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, саҳм доштан дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба чунин мукофот сазовор гардиданд”, – гуфта мешуд дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи расмии Суди олии иқтисодӣ.

Дар ин авохир ин алакай дуюмин мавриди бо иттиҳоми “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” барканор шудани судяҳост. Рӯзи 15 декабр президент Эмомалӣ Раҳмон бо чунин иттиҳом Азизҷон Шарифзодаро аз мақоми судяи суди шаҳри Гулистон барканор кард. Қаблан гузориш шуда буд, ки Азизҷон Шарифзодаро рӯзи 6 декабр баъди аз як корафтода гирифтани 1000 доллар пора дастгир карда, ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, “пулҳо бо маҳлули махсус коркард шуда будаанд, ки ҳангоми зери рӯшноӣ гузоштани он навиштаи “пора” аён мегардад. Бозрасон аз ангуштони Азизҷон Шарифзода ин маҳлулро пайдо кардаанд.”

Пайвандони Азизҷон Шарифзода нахостаанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Вале манбаи дигари огоҳ аз қазия гуфтааст, ки масъала ба тақсими замин рабт дорад: “Як зан, мудири боғчаи кӯдакон, барои бунёди хона замин гирифта, ду сол чизе насохтааст. Раиси шаҳр қарорро бекор мекунад. Зан аз додрас кумак мехоҳад. Шарифзода дар иваз 2500 доллар пурсидааст. Корафтода 1500 долларро медиҳад ва ҳукми додгоҳ содир мешавад. Вақте додрас 1000 доллари мондаро хоста, таҳдид кардааст, ки агар наорад, қарор бекор хоҳад шуд, зан ба Оҷонсӣ муроҷиат кардааст.”

Азизҷон Шарифзода рӯзи 7-уми феврали соли 2020 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон додраси додгоҳи шаҳри Гулистон таъйин шуда буд. Вай пеш аз он дар додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор мекард.

Додгоҳҳои Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд.




Ширинзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button