ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БА ХОТИРИ МАНЪИ ИЗДИҲОМИ ХАШМГИН: ШАРҲИ РАСМИИ ТИРПАРРОНИИ НАВБАТӢ ДАР МАРЗ

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як изҳорот, ки рӯзи 17 декабр тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, масъулияти тирпарронии нимаи дуюми рӯзи 16 декабр дар марзи Чоркӯҳ бо ноҳияи Бодканди Қирғизистонро ба дӯши сокинони Қирғизистон бор карда, рафтори онҳоро “амалҳои навбатии зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон” номид.

Бино ба ин изҳорот, 16 декабри соли 2021, тахминан соати 16:50, дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён далели аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд. Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд. Аммо, “зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд. Сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ карда, издиҳоми хашмгинро боздошт”, – гуфта мешавад дар изҳороти марзбонони тоҷик.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки намояндагони марзбонии тарафҳо ба ҷойи ҳодиса омада, ҷиҳати таҳқиқи якҷояи ин ҳодиса ба мувофиқа омадаанд.

Қаблан Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфта буд, ки ҳодиса гӯё дар қаламрави Қирғизистон рӯй дода, марзбонони тоҷик ҳам гӯё эътироф кардаанд, ки беасос тир кушодаанд.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Исфараву ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлак 55 нафар кушта, ҳудуди 240 захмӣ шуд. Ин задухӯрдҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошиии СССР дониста мешавад.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи он муноқишаи хунин марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад. Ҳарчанд баҳонаи расмии бастани марз пандемияи коронавирус гуфта мешуд, вале мақомоти баландпояи Қирғизистон чандин бор гуфтаанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди мушкилоти мавҷудаи марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя боз хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button