ВидеоСиёсатЧеҳраҳо

МУҶИБАХОН ҶАВҲАРӢ ВАКИЛИ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, собиқ ректори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ба ҷои Идигул Қосимзода, ки 22 июли соли ҷорӣ аз бемории коронавирус фавтид, вакили нави Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ интихоб шудааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ рӯзи 15 декабр дар байни кадрҳои навтаъйине буд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузури хеш пазируфта буд.

Номи Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар рӯйхатти ҳизбии ҲХДТ дар интихоботи моҳи марти соли 2020 таҳти рақами 15 гузошта шуда буд, вале дар интихобот аз ин ҳизб танҳо 13 нафари аввал ба парлумон роҳ ёфтанд.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ (Ҷавҳарова Муҷибахон Одиловна) 27 июли соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳ дар канори шаҳри Исфара дар хонаводаи Одилҷон Ҷавҳаров ба дунё омадаааст. Падари ӯ омӯзгори фанни математика ва ҳам хабарнигори фаъоли ҷамоатӣ буд, ки дар рӯзномаи Исфара ва матбуоти ҷумҳуриявӣ дар бораи навигариҳои Чоркӯҳ хабару мақолаҳо менавишт. Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 1989 мактаби №27 дар зодгоҳаш Чоркӯҳро ба поён оварда, соли 1994, риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Бар асоси тарҷумаи ҳоли расмиаш, ӯ ба забонҳои русиву англисӣ озодона ва ба забони арабӣ тавассути луғат балад будааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ аз соли 1993 то 2005 дар мактаби №27 ҷамоати Чоркӯҳ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс дода, соли 2005 мудири ин мактаб ва соли 2010 сардори бахши маорифи Исфара таъйин шуд.  Хонум Ҷавҳарӣ баъдан чандин сол ректори филиали Донишгоҳи технологи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва ахиран мудири бахши фарҳанги шаҳрдории Исфара буд.

Ӯ моҳи январи соли 2020 дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе рисолаи илмиашро дар мавзӯи “Достони “Юсуф ва Зулайхо”- Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ” ҳимоя кард. Муҷибахон Ҷавҳарӣ муаллифи китобҳои “Раҳнамои тарбият”, “Зани даруни чашма” ва мураттиби китоби “Диншиносӣ” аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button