ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМА ДАР ТУРСУНЗОДА ВА ХУРОСОН

Шоми 14 декабр дар ду садама дар ноҳияи Хуросон ва шаҳри Турсунзода 3 нафар ҷон бохта, 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.  Дар Хуросон бар асари бархӯрди “Мерседес Спринтер” бо КАМАЗ як кӯдаки сесола ба ҳалокат расида, ронандаи “Мерседес” ва як мусофири дигараш ҷароҳат бардоштаанд. Дар Турсунзода бар асари ба ҳам бархӯрдани “Киа” бо “Мерседес Актрос” ронанда ва як мусофири “Киа” дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, ронанда ва мусофири “Мерседес” маҷруҳ шудаанд.

хххххххххх

Се сокини Турсунзода ба он гумонбар мешаванд, ки соати дуюними шаби 8 сентябр аз анбори коргози омезишу сиканҷагирӣ 4 таҷҳизоти арзишашон беш аз  40 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Садамаҳои нақлиётӣ боиси ҳалокати 3 нафар гардиданд

14-уми декабри соли 2021, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Алиев Ҳасан Садриддинович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ-65201”, ки таҳти идораи ронанда, Бобохонов Муродхон Бозорқулович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Данғара қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Алиев Ҳ.С. ва мусофиронаш: Аҳтамов Ворисҷон Абдуллоевич, соли тавалудаш 2018, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, Сафархонова Саида Ибодовна, соли таваллудаш 1995, сокини ҳамон ҷо, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона, хурдсол Аҳтамов В.А. ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, 14-уми декабри соли 2021, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа” Пайрамов Умед Худойназарович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Актрос”, таҳти идораи ронанда, Абиров Хайриддин Ҳамидович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа” Пайрамов У.Х. ва мусофираш Муҳиддинов Абдураҳмон Абдуҳакимович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Актрос” Абиров Х.Ҳ. ва мусофираш Пирумқулов Ҷамшед Файзхонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона, бистарӣ гардидаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздии таҷҳизоти техникӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 52, 35 ва 30-солаи сокинони шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, шаби 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили анборхонаи сехи омезишу сиканҷагирӣ, воқеъ дар шаҳри мазкур 4-адад таҷҳизоти истеҳсолӣ (двухрядный ролик)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 40 ҳазору 584 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button