ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

МАДИНА МАМАДҶОНОВАРО ДАР ОРОМГОҲИ САРИОСИЁ БА ХОК СУПУРДАНД

Мадина Мамадҷонова, сокини 32-солаи Душанбе, ки баррасии парвандаи пурсарусадои азобу уқубати ӯ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад, рӯзи 16 декабр дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт ба хок супурда шуд. Мадина Мамадҷонова, ки аз 25 август, дар тӯли қариб 4 моҳ дар инҷо дар ҳолати кома таҳти табобат қарор дошт, нимаи дуюми рӯзи 15 декабр ягон бор ба ҳуш наомада, дар Маркази милли тиббии “Шифобахш” (бемористони Қараболо) вафот кард.

Хабарнигори радиои Озодӣ хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи Мадина Мамадҷонова дар назди манзили модараш дар Душанбе доир шуд ва дар маросими видоъ бо ин ҷавонзан як гуруҳ аз фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ низ иштирок кардаанд.

Падари Мадина Амон Қаробоев, ки баъди ҷудо шуданаш аз модари Мадина дар Русия ба сар мебарад, қаблан хабар дод, ки барои рӯзи 16 декабр аз Краснодар ба Душанбе чиптаи парвоз гирифтааст, вале маълум нест, ки оё ӯ ба маросими дафни духтараш расида тавонист ё на?

Ҳамагӣ як рӯз қабл аз марги Мадина– шоми 14 декабр  Додгоҳи олии Тоҷикистон  бо эълони нахустин ҳукм дар чорчӯби парвандаи ӯ марди ҳамзисташ Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як мақоми баландпояи ширкати “Мегафон” ва фарзанди Давлаталӣ Давлатзода, муовини собиқи Эмомалӣ Раҳмон дар раҳбарии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кард, вале билофосила бар асоси қонуни афв, ҳукми ӯро то 5 солу 4 моҳи зиндон пойин овард.

Парвиз Давлатов, тавре қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ба азобу уқубат айбдор мешуд. Вале додгоҳ ӯро ҳамчунин ба бисёрзанӣ ва расондан ба ҳолати худкушӣ айбдор донистааст. Муҳокимаи парвандаи Азиза Давлатова,  ҳамсари аввали Парвиз Давлатов ва гумонбаршавандаи асосӣ дар азобу уқубати маъшуқаи шавҳараш Мадина Мамадҷонова,  дар Додгоҳи олӣ ҳанӯз идома дорад. Баъди марги Мадина айбномаи зидди Азиза Давлатоваро метавонанд ба айбномаи наву сангинтар иваз кунанд.

Мадина Мамадҷонова  шаби 25 августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Ба гуфтаи табибон, ӯро чунон буғӣ карданд, ки чанд муддат ба майнаи сараш ҳаво (кислород) нарафтааст ва дар натиҷа, як қисми мағзи сари Мадина аз кор мондааст. Ин қазия вақте мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ ба роҳбарони кишвар муроҷиат карданд ва ҷараёни тафтишотро Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе шахсан зери назорати худ гирифт. Маълум шуд, ки мақомоти милисаи ноҳияи Сино моҳи сентябр аъмоли Азиза Давлатоваро ба қонуни афв “туғрӣ” кунонда, кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯро рад кардаанд.

Танҳо баъди ин қазияро зери назорати худ гирифтани Рустами Эмомалӣ ва ин масъаларо дар ҷаласаи ҳукумат бардоштани президент Эмомалӣ Раҳмон дар аввали моҳи ноябр, қазия барои тафтиши дубора баргардонда шуда, Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатоваро ба ҳабс гирифтанд ва сардори ШВКД-2 ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовинаш Истам Машрафзода,  муовини аввали додситони ноҳияи Сино  Сӯҳроб Салимзода, ҳамчунин Шукур Раҳимов, муовини сардори шуъбаи тафтишоти ШВКД-2 ноҳияи Сино, ки то расондан ба марҳалаи афв муфаттиши нахустини қазияи азобу уқубати Мадина Мамадҷонова будааст, аз мақомҳояшон барканор карда шуданд. Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, то тамоми мансабдороне, ки ба коррупсия роҳ дода, пора гирифтанд ва ин парвандаро пӯшонданд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Аммо Машраф Истамзода билофосила баъди барканориаш ба мансаби боз ҳам баландтари муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button