ВидеоФарҳанг

“ФАЛАК” БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ БАШАРИЯТ ВОРИД КАРДА ШУД (ВИДЕО)

Рӯзи 15 декабри 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса тариқи маҷозӣ баргузор гардид, масъалаи ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинатсияҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин ҷаласа мусиқии миллии тоҷикӣ “Фалак” низ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият пазируфта шуд.

“Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинатсияи “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башариятро расман эълон намуд.  Қобили қайд аст, ки пешниҳоди номинатсияи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қайд шудааст, қабул гардид”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ин иқдом “ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.”

Тоҷикистон қаблан тавонист оши палав, маҳбубтарин ғизои халқҳои Осиёи Марказӣ ва чакан, ҳунари гулдӯзии миллиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button