ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНЛАРЗАИ ШАДИД ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки  шаби 15 декабр, соати 03:17 ба вақти Тоҷикистон, як заминларзаи шадид ҷануби ин кишварро такон додааст. Бино ба гузоришҳо, шиддати заминларза дар марказаш – 22-километрии ҷанубушарқи Чубек, як мавзеи воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, тибқи ҷадвали Рихтер, 4,8 баллро ташкил додааст. Дар бораи кадом хисороте бар асари ин заминларза гузориш нашудааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 19 чунин заминларза ва дар як соли охир 198 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли ҷорӣ бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button