ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 17 ВА 18 ДЕКАБР КӮҲҲОВУ АҒБАҲОИ ТОҶИКИСТОНРО ТУМАН МЕПЕЧОНАД

Чанд рӯз боз дар Тоҷикистон ҳавои сарди ҳамроҳ бо боришот ҳукмфармост, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, камокон то 16 декабр давом хоҳад кард. Аммо ҳавошиносон ҳоло пешбинӣ мекунанд, ки баъди 16 декабр низ обу ҳавои номусоид дар кишвар идома пайдо хоҳад кард ва дастикам 2 рӯзи дигар, яъне 17 ва 18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳистон ва ағбаҳои Тоҷикистон туман пешбинӣ карда мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин робита аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва қоидаҳои бехатарӣ дар вақти туманро риоя кунанд.

Қарори маълум, туман сатҳи хатарнокии ҳаракатро дар роҳҳо боло бурда, боиси коҳиши биниш, мушкил шудани ҳаракати нақлиёт ва афзоиши эҳтимоли садамаҳои нақлиётӣ шуда метавонад.

Барои ҷилавгирӣ аз ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вақти фаромадани туман иҷрои ин корҳоро ба сокинон тавсия медиҳад:

– беморони дилу  раг ва диққинафас аз баромадан ба кӯча худдорӣ кунанд;

– пиёдагардон ҳангоми убур аз роҳу кӯчаҳо аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд;

–  ронандагон суръати ҳаракатро пойин оварда, қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя кунанд;

– ронандагон ҳамчунин аз тағйири хатти ҳаракат, пеш гузаштан аз мошинҳои дигар худдорӣ кунанд;

– суръатро аз ҳадде, ки шароити обуҳаво ва роҳ иҷозат намедиҳанд, болотар набаред;

– дар чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагузар бавижа эҳтиёт кунед;

– суръатро бо назардошти чӣ қадар пур аз мошин будани роҳ, ҳолати мошин ва боре, ки доред, шароити табиӣ ва шаротии роҳ, ҳамчунин биниши роҳ риоя кунед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хотиррасон мекунад: набояд фармоӯш кард, ки туман барои ҳамаи иштироккунандагони ҳаракат дар роҳ хатар эҷод мекунад.

Хеле бо таваҷҷуҳ бошед ва эҳтиёт кунед!

Дар сурати пеш омадани ҳолатҳои фавқулодда бо ин рақамҳо тамос бигиред:

Рақами ягонаи Маркази наҷот: 112,

Қисми навбатдории КҲФ: +992 93 880 28 19 ва +992 37 223 13 11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button