ВидеоСиёсатТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДУХТАРАШ РУХШОНАРО САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР БРИТАНИЯ ТАЪЙИН КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 декабр духтари чорумаш Рухшонаи Эмомалиро сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ таъйин кард. Рухшонаи Эмомалӣ дар ин мақом Масуд Халифазодаро, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд, иваз мекунад. Хадамоти матбуоти президент дар шарҳи тағйироти кадрии рӯзи 15 декабр бидуни бурдани номи Рухшонаи Эмомалӣ танҳо навиштааст ки: Дар ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.”

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсараш Азизамоҳ Раҳмонова 9 фарзанд: 7 духтар ва 2 писар доранд. Рухшона Эмомалӣ баъди Фирӯза, Озода ва Таҳмина духтари чоруми президент ва ҳамсари Шамсулло Соҳибов, молики ширкати “Фароз” аст.

Рухшона Эмомалӣ то соли 2012, ки шавҳараш ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир кор мекард, низ дар Лондон ба сар мебурд ва дар сафорати Тоҷикистон кор мекард. Баъди бозгашташ ба Тоҷикистон Рухшона Эмомалӣ дар вазорати корҳои хориҷӣ ба кор даромад ва дар солҳои охир дар мақоми муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии  ин вазорат кор мекард. Чанд сол пеш Рухшона Эмомалӣ китоберо бо номи “Асосҳои хизмати дипломатӣ” нашр ва маросими рӯнамоияшро дар вазорати корҳои хориҷӣ барпо карда буд.

Ҳоло аз фарзандони дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, писари калониаш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе, Озода Раҳмон раиси дастгоҳи президент, Фарзона Раҳмон муовини раиси “Ориёнбонк” буда, Парвина Раҳмонова дар вазорати тандурустӣ дар як мақоми баланд кор мекунад. Ашраф Гулов, шавҳари Парвина сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

Бар асоси тағйироти кадрии рӯзи 15 декабр ҳамчунин Абдуҷаббор Сатторзода аз мақоми сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва Аламхон Наимӣ аз мақоми сардори раёсати молияи дастгоҳи президент озод карда шуда, Наимӣ билофосила муовини сардори агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Абдураҳмонзода Ҷамила муовини якуми сардори ин агентӣ таъйин шуд.  Азизҷон Шарифзода “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистон озод карда шуд. Ахиран гузориш шуда буд, ки Шарифзодаро ҳангоми гирифтани пора дастгир кардаанд.

Ҳамҷунин подполковник  Муҳибуллозода Исматулло аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ, полковник Шамсудинзода Ризвон Саидхӯҷа аз вазифаи командири Бригадаи дуюми махсуси зудамал ва подполковник Холматзода Исроил Муҳаббат аз вазифаи сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ озод карда  шуда, Ризвон Шамсиддинзода командири Бригадаи якум, подполковник Одиназода Абдусалом Маҳмадулло командири Бригадаи дуюм ва подполковник Раҳимов Олимхон Ширинович сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ таъин карда шуданд.

Ҳамин тавр, бо сабаби такмили сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Қиёмзода Зарафо Суфиҷон  дубора муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъйин гардида, Маҳмад Камолзода Самӣ Давлатро дар мақоми мудири осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм” иваз кард.

Ҳамчунин пешниҳодҳо дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олӣ бозхонд намудани Салимзода Юсуф бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, бозхонд намудани судяи Суди Олӣ Хушмаҳмадзода Алифмо бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ва интихоби дубораи ӯ ба вазифаи судяи Суди олӣ ба Маҷлиси миллӣ ироа карда шуд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72157720291306725/with/51748545103/

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир
ва Ирландияи Шимолӣ озод намудани Халифазода М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Халифазода Масуд бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№298

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони
вилояти Суғд озод намудани Шарифзода А.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Шарифзода Азизҷон Шариф бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№299

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
подполковники гвардия Муҳибуллозода И.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Подполковники гвардия Муҳибуллозода Исматулло Фатулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№300

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи сардори Маркази тайёрии
кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани подполковники гвардия Холматзода И.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Подполковники гвардия Холматзода Исроил Муҳаббат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№301

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи командири Бригадаи дуюми махсуси
зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
полковники гвардия Шамсудинзода Р.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Полковники гвардия Шамсудинзода Ризвон Саидхӯҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№302

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир
ва Ирландияи Шимолӣ таъин намудани Эмомалӣ Рухшона

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Эмомалӣ Рухшона Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№303

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани
полковники гвардия Шамсудинзода Р.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Полковники гвардия Шамсудинзода Ризвон Саидхӯҷа командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№304

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи командири Бригадаи дуюми
махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани подполковники гвардия Одиназода А.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Подполковники гвардия Одиназода Абдусалом Маҳмадулло командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№305

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи сардори Маркази тайёрии
кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани подполковники гвардия Раҳимов О.Ш.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Подполковники гвардия Раҳимов Олимхон Ширинович сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№306

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сатторзода Абдуҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№АП-136

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Наимӣ Аъламхон Қодириён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 декабри соли 2021
№АП-137

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 декабри соли 2021 №530
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи
муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Қиёмзода З.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бо сабаби такмили сохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 декабри соли 2021 №531
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Абдураҳмонзода Ҷ.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 декабри соли 2021 №532
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии
кушодаи осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и Муассисаи давлатии
«Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сами Д.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сами Давлат бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 декабри соли 2021 №533
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдураҳмонзода Ҷ.У.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 декабри соли 2021 №534
ш. Душанбе

Дар бораи муовини директори Агентии суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Наимӣ А.Қ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Наимӣ Аъламхон Қодириён муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 15 декабри соли 2021 №535
ш. Душанбе

Дар бораи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи
осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и Муассисаи давлатии «Дирексияи
сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Камолзода М.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Камолзода Маҳмад Алиаҳмад Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм»-и Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

  •  

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button