ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАКИ ҲАФТСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати боз як тифли хурдсол дар зери чархи мошин хабар дод. Дар ним моҳи охир ин алакай панҷумин тифли хурдсол аст, ки бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба гузориши ВКД, рӯзи 14-уми декабри 2021, тахминан соати 13:40, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай Старекс», Осақолов Хоҷамқул Каримқулович, соли таваллудаш 1970, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Муслиҳиддинзода Осия Шамсиддин, соли таваллудаш 2014, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, Осияи ҳафтсола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар, аз ҷумла даҳҳо кӯдак ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button