ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ ВАЗИРИ МАОРИФ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА

Модари вазири маориф ва илми Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода рӯзи 14 декабр аз олам чашм пӯшид.  Дар ин бора бо нашри як номаи таслият дар Фейсбук Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илм хабар дод.

Ба вазири маориф ва илм Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бинобар сабаби даргузашти МОДАРАШОН ҳамдардӣ баён мекунам! Хонаи охирати МОДАР биҳишт бод!!!” – навиштааст Эҳсони Хушбахт.

Дар бораи иллати марги модари вазир чизе гуфта нашудааст.

Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми филологӣ Муҳаммадюсуф Саидалӣ Имомзода 28 апрели соли 1959  дар ноҳияи Совет (ҳоло – Темурмалик) ба дунё омада, соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Имомзода солҳои зиёде дар Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ва Донишгоҳи миллӣ кор карда, аз соли 2004 то 2012 ректори Донишгоҳи славянӣ ва аз соли 2012 то оғози соли 2020 ректори Донишгоҳи миллӣ буд ва моҳи январи соли 2020  ба ҷои Нуриддин Саид ба мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъйин шуд. Муҳаммадюсуф Имомзода аз соли 2015 то 2020 вакили Маҷлиси миллӣ ва раиси кумитаи маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон низ буд.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ даргузашти Модарро ба вазири муҳтарам  Муҳаммадюсуф Имомзода изҳори таслият мекунад ва барои марҳум аз даргоҳи Худованд раҳмату мағфират ва барои бозмондагонаш сабри ҷамил металабад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button