ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

БОҒИ ФАРҲАНГИ ФАЙЗОБОД БА НОМИ БОЗОР СОБИР ГУЗОШТА ШУД

Бо қарори маҷлиси вакилони халқ ва қарори раиси ноҳияи Файзобод боғи фарҳанги маркази ин ноҳия, шаҳраки Файзобод ба номи шоири маъруфи тоҷик, фарзанди барӯманди ин диёр Бозор Собир гузошта шуд.

Мудири бахши фарҳанги ҳукумати ноҳияи Файзобод Кароматулло Соҳибназаров  ба хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки ҳамчунин қарор аст, соли 2022 бо дастгирии ҳукумати ноҳия дар боғи фарҳанги ба номи Бозор Собир нимпайкараи шоир низ гузошта шавад. Ба ақидаи мақомоти Файзобод номгузории боғи фарҳанг ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири забардаст мебошад.

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1962 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Нахустин маҷмӯаи ашъори Бозор Собир бо номи “Пайванд” соли 1972 рӯи чоп омад. Солҳои 70 ва 80 нуқтаи авҷи шуҳрати шеъри Бозор Собир буд ва ӯ бо як силсила шеърҳояш, ба мисли “Забони модарӣ”, “Девори Бухоро”, “Аз хуни Сиёвушем”, “Сино” ва китобҳои “Чашми сафедор”, “Бо чамидан, бо чашидан”, “Аз гулхор то симхор”, “Офтобниҳол” дар шеъри тоҷики асри 20 инқилобе ба по кард.

Бозор Собир ба хусус дар гуфтани ашъори ватандӯстона ва ҳамчунин дар тасвирҳои зебои табиати диёр, ба вижа зодгоҳаш, Файзобод маҳорати нотакроре нишон медод ва ӯро барҳақ яке аз тавонотарин гӯяндагони шеъри тасвирӣ дар адабиёти муосири тоҷик ном мебаранд.

Бозор Собир соли 1990 аз ҳавзаи Файзобод вакили Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд ва ба таври фаъолона ба ҳаводиси сиёсии аввали солҳои 90 пайваст. Соли 1993, баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, Бозор Собирро ҳабс карданд ва ӯ танҳо моҳи декабри соли 1993 бо миёнаравии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавонист аз ҳабс озод шавад ва тарки Тоҷикистон кунад. Бозор Собир як муддат дар Маскав паноҳ бурд ва сипас ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Амрико паноҳанда шуд.

Бозор Собир то соли 2013, наздики 20 сол дар шаҳри Сиэттли Амрико ба сар бурд ва соли 2013 бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.

Бозор Собир 1 майи соли 2018, ҳамагӣ ним сол пеш аз 80-солагиаш дар Сиэттл аз олам чашм пӯшид. Ҷанозаи ӯро аз Амрико ба Ватан оварданд ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.

Ноҳияи Файзобод дар шарқи Душанбе баъд аз шаҳри Ваҳдат дар саргаҳи водии Рашт (собиқ Қаротегин) ҷойгир шуда, дар ин ноҳия тақрибан 100 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Маркази ноҳия шаҳраки Файзобод аст, ки бо наздики 10 ҳазор аҳолӣ дар тақрибан 60-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳияи Файзобод қисман водию қисман кӯҳдоман ва боқимондаи қаламраваш кӯҳистон буда, мардумаш асосан аз ҳисоби деҳқонӣ, аз ҷумла боғдорӣ, ва чорводорӣ зиндагӣ мекунанд. Бахши аъзами аҳолии қобили кори ноҳияи Файзобод мисли боқӣ манотиқи Тоҷикистон ҳар сол барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Шоирон Бозор Собир, Усмон Шарифзода, овозхонҳо Нигина Рауф ва Дӯстмуроди Алӣ, раиси собиқи парлумон Сафаралӣ Раҷабов, вазири собиқи меҳнат Сумангул Тағойзода ва яке аз раҳбарони кунунии  оппозитсия Муҳиддин Кабирӣ зодагони ноҳияи Файзободанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button